"САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА": ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУН
ш.Душанбе. 04.04.2020. Имрӯз дар Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» дар пойтахт барпо гардид.
Дар маросим, ки дар фазои тантанавӣ доир шуд, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ғолибони озмун мукофотҳоро супориданд.
Дар номинатсияҳои «Боғи беҳтарин» — Боғи ба номи Аҳмади Дониш (ноҳияи Исмоили Сомонӣ), «Гулгашти беҳтарин»- Гулгашти назди Сирки давлатӣ (ноҳияи Фирдавсӣ), «Кӯчаи беҳтарин» - кӯчаи Аҳмади Дониш (ноҳияи Шоҳмансур) ва «Гулпарвари беҳтарин» - Азиза Раҳматова ҷои аввалро соҳиб гардиданд.
Дар ҳамин номинатсияҳо ҷои дуюм насиби «Боғи Устод Рӯдакӣ» - и ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Шоҳмансур («Гулгашти беҳтарин»), Хиёбони Исмоили Сомонӣ дар минтақаи ноҳияи Сино («Хиёбони беҳтарин») ва Қурбонбек Бобобеков («Гулпарвари беҳтарин») гардид.
Дар номинатсияҳои мазкур «Боғи Куруши Кабир», МД «Наврӯзгоҳ» («Боғи беҳтарин»), Гулгашти хиёбони Рӯдакӣ дар минтақаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Гулгашти беҳтарин»), Хиёбони Рӯдакии ноҳияи Исмоили Сомонӣ («Кӯчаи (хиёбони) беҳтарин») ва Ҳамзирамоҳ Сайдалиева ба гирифтани ҷойи сеюм ноил гардиданд.
Хамчунин намояндагони сохторҳои дигари пойтахт барои иштироки фаъолонаашон дар озмуни шаҳрии гулҳо — «Сайри гули лола» бо «Сипоснома» ва туҳфаҳои молӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар маросими тантанавии ҷоизасупорӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони дигар вазорату кумитаҳо иштирок карданд.
Пеш аз оғози маросими ҷоизасупорӣ дар боғ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва китоб баргузор шуданд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода зикр кард, ки «Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо-«Сайри гули лола» мувофиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2018 давоми солҳои 2019-2021 дар тамоми ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Ҳадаф аз баргузории он, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, фарҳангу ҷаҳонбинӣ, бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар зеҳни ҳар як сокини мамлакат, ободу зебо намудани ҳар хона, кӯча, маҳалла, деҳа, деҳот, шаҳрак, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст».
-Барои муайян намудани ғолибони он ҳайати гурӯҳи кории шаҳрӣ таъсис ёфта, Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати мукофотонидани ғолибони озмуни шаҳрӣ аз рӯи чор номинатсия 88 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Барои ғолиби ҷойи якуми озмун «Дипломи дараҷаи 1» ва мукофот ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ, барои ғолиби ҷойи дуюм «Дипломи дараҷаи 2» ва мукофот ба маблағи 7 ҳазор сомонӣ ва барои ғолиби ҷойи сеюм «Дипломи дараҷаи 3» ва мукофот ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст, -афзуд Толиб Раҳимзода.
Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳои пойтахт ба миқдори беш аз 113,3 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 11,4 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 235,4 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд, ки аз нақшаи пешбинигардида ба маротиб зиёд мебошад.
Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар мавсими тирамоҳи соли 2018 ва баҳори соли 2019 ба миқдори 7218 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи мамлакат ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, озмуни шаҳрии гулҳо «Сайри гули лола» ҳам бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Ҷамъомади мазкур бо баргузории барномаи бо шукӯҳи фарҳангӣ анҷом ёфт.
Ёдовар мешавем, ки моҳи марти соли 2019 рамзи Озмуни ҷумҳуриявии гулҳо — «Сайри гули лола» барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардида буд. Рамзи мазкур аз ҷониби Иттифоқи рассомони Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, дар он гулҳои лола, парасту, хуршед ва рангҳои парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд.