ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №251 АЗ 13.04.2020

14 Апрели 2020, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе 

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” 

ҚАРОР  МЕКУНАМ: 

  1. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 тасдиқ гардидааст, баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сарраёсати маорифи

шаҳри Душанбе, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур ва баҳри ҷалби бештари дӯстдорони китоб чораҷӯӣ намоянд.

  1. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 564 000 (панҷсаду шасту чор ҳазор) сомонӣ дар соли 2020 ҷудо намояд.
  2. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро таъмин намояд.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 Рустами Эмомалӣ

Илова кунед