ШИРКАТИ ТГЭМ - "ТОҶИКГИДРОЭЛЕКТРОМОНТАЖ" БАРОИ МУБОРИЗАИ ЗИДДИ COVID-19 ТАҶҲИЗОТҲОИ ТИББӢ ТАҚДИМ КАРД

16 Апрели 2020, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 16.04.2020. Имрӯз бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар доираи пешгирии паҳншавии бемории сирятии коронавирус COVID-19 аз ҷониби ширкати ТГЭМ -"Точикгидроэлектромонтаж"-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи иқдомҳои башардӯстона ва эҳсонкорӣ ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ёрии тиббӣ расонд.

Дар доираи ин иқдом ба муассисаҳои тиббии пойтахт 20 000 адад тестҳои санҷишӣ барои муайян кардани вируси COVID-19, 10 адад таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ барои шушҳо (ИВЛ) ва 500 маҷмӯи либосҳои махсуси тиббӣ барои табибонро дастрас намуда, ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кард.

Дар ҷараёни тақдими таҷҳизоти тиббӣ намояндаи ширкат иттилоъ дод, ки тестҳои мазкур ба тамоми беморхонаҳои давлатии шаҳри Душанбе тақсим карда мешавад.

Онҳо қобилияти зуд ташхис кардани вирус, дар инзивоъ қарор додани шахсони мубтало ба он ва пешгирии паҳншавии вирус пешбинӣ шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҳаҷми кӯмаки расонидаи ширкат ба зиёда аз 5 миллион сомонӣ баробар аст.

Ширкати “Тоҷикгидроэлектромонтаж” тасмим гирифтааст, ки  ояндаи наздик боз беш аз 20 адад таҷҳизоти сунъии нафаскашӣ барои шушҳо (ИВЛ)-ро  аз корхонаҳои маъруфи ҷаҳонӣ дастрас намуда, ба муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе тақдим кунад.

Тазаккур бояд дод, ки ширкати ТГЭМ (Точикгидроэлектромонтаж) бо пайрави аз иқдомҳои хайру эҳсонкории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ки оянда низ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ чунин ташаббусҳои башардӯстонаро идома диҳад.

 

 

Илова кунед