Тоҷикӣ

РӮЗҲОИ САНИТАРӢ ДАР БОЗОРҲОИ ФУРӮШИ ЛИБОСАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

29 Апрели 2020, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо мақсади ҳифзи тандурустии сокинони пойтахт ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз санаи 30 апрел то 10 майи соли 2020 дар ҳамаи бозорҳои фурӯши либосаи шаҳр, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ рӯзҳои санитарӣ эълон намуда, фаъолияти онҳо дар ин давра пурра қатъ карда мешавад.

Мақомоти дахлдори шаҳрдорӣ вазифадор шудаанд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарони ҳамаи бозорҳои фурӯши либоса дар ин муддат корҳои безараргардонӣ ва дезинфексиониро амалӣ намоянд.

Илова кунед