ИФТИТОҲИ ПУЛИ РОҲИ ОҲАН ДАР НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

30 Апрели 2020, Панҷшанбе

Имрӯз дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, баъди таҷдиду азнавсозӣ, пули роҳи оҳани километри 4679-и фосилароҳи Душанбе-1 - Душанбе-2,  воқеъ дар буриши кӯчаҳои Муродулло Шерализода ва Асадулло Ғуломови хиёбони Бобоҷон Ғафуров, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Иншооти мазкур соли 1932 сохта шуда, бо гузашти замон таъмирталаб гардида буд ва таҷдиду азнавсозии он, тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмиру тармими пулҳои роҳи оҳан ва атрофи онҳо дар ҳудуди пойтахт ва дар ҳошияи иқдомоти созандаву ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ сурат гирифт.

Азнавсозии иншоот моҳи майи соли 2019 шурӯъ гардида,  корҳои таъмириро Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"  бо риояи меъёру талаботи сохтмонӣ иҷро намуд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ки дар маросими ифтитоҳи иншоот ширкат доштанд, ба рафти корҳои анҷомшуда аз наздик шинос шуда, тадбири мазкурро намунаи ҷонибдорӣ аз сиёсати ободкоронаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ба як шаҳри зебову пешрафта табдил додани пойтахти мамлакат, арзёбӣ карданд.

Роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон" ба масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ки баъди азнавсозӣ паҳноии пули мазкур 62 метрро ташкил дода, баландии конструксияҳои ангоравӣ бошад, аз сатҳи болоии пул ба 15 метр ва аз сатҳи роҳи автомобилгард ба 21, 5 метр баробар гардид.

Таҷдиду азнавсозии иншоот бо истифода аз масолеҳи босифат сурат гирифта, он тавассути воситаҳои равшанидиҳандаи гуногуни муосир оро дода шудааст, ки бахусус шабонгоҳ манзараи бисёр зебову ҷолибро фароҳам меорад.

Дар доираи корҳои таҷдиду азнавсозии пул дар  чаҳор қисмати он зинаву роҳравҳо дар масоҳати зиёда аз 400 метри мураббаъ бо сафолакҳои ранга рупӯш ва дар масоҳати зиёда аз 1000 метри мураббаъ тадбирҳои сабзу хуррамгардонӣ анҷом дода шудааст.

Қисмати поёни пул низ тавассути масолеҳи ороишӣ ва бо як дизайни ҷолиб рупӯш гардида, асосҳо ва сутуни такягоҳи он бошад, дар масоҳати 1500 метри мураббаъ бо санги хоро зиннат дода шудааст. Санги хоро барои ороиши қисмати поёни пул аз корхонаҳои тавлидотии ватанӣ дастрас шудааст.

Чароғонкунии қисмати поёнии пул ҳам бо истифода аз навтарин васоили равшанидиҳанда муҷаҳҳаз гардидаст, ки ба ҳаракати мунтазаму бехатари воситаҳои нақлиёт муосидат мекунад.

Дар доираи азнавсозии пули мазкур дар баробари таъмиру тармими хати роҳи оҳан, ҳамзамон болои пул низ бо панҷараҳои мунақкаши оҳанӣ зинат дода шудааст.

Иншооте, ки имрӯз мавриди истифода қарор гирифт, аз зумраи садҳо иншооти дигари сохташаванда дар ҳудуди пойтахт маҳсуб меёбад, ки дар асоси ташаббусҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ мешаванд.

Лозим ба таъкид аст, ки бо вусъат ёфтани ин қабил тадбирҳои ободонию созандагӣ дар гӯшаву канори пойтахт, шаҳри Душанбе  симои худро комилан тағйир дода, дар он барои сокинону меҳмонон шароити ҳар чи беҳтару хубтари зисту зиндагӣ ва истироҳату фароғат фароҳам меояд.

Илова кунед