РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ТАЪСИСИ БЕМОРХОНАҲОИ ТАБОБАТИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ

04 Майи 2020, Душанбе

ш.Душанбе.04.05.2020. Имрӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои таъсиси беморхонаҳои табобати беморони гирифтори вируси сироятии короновирус-COVID-19 дар ҳудуди шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Нахуст Раиси шаҳр рафти корҳои сохтмонӣ ва омодагиро дар бинои баландошёнаи сохтмонаш нотамом, ки ҳамчун беморхона барои табобати беморони сироятӣ пешбинӣ шудааст, аз назар гузарониданд.

Маврид ба зикр аст, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои мазкур моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, майдони умумии сохтмон масоҳати 10 355 метри мураббаъро ташкил медиҳад.    

Бинои мазкур аз 8(ҳашт) ошёна ва таҳхона иборат буда, дар он  утоқҳо барои қабул ва табобати беморон, утоқҳои кори табибон ва духтурони соҳавӣ, ташхисгоҳ, утоқҳои махсус барои нигоҳдории доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, 3 адад лифт, ҳуҷраҳои техникӣ, толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ, ошхонаи замонавӣ, утоқҳои шустушӯй  ва дигар иншооти зарурӣ пешбинӣ шудаанд.

Ҳоло дар бино охирин корҳои сохтмонӣ  анҷом дода шуда истодааст.

Раиси шаҳр дар ҷараёни боздид аз иншоот мақомоти дахлдор ва масъулини соҳаро вазифадор намуданд, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир корҳои сохтмону васлгарӣ ва рангу пардози биноро дар муҳлати 1 моҳ ба анҷом расонда, онро барои муолиҷаи то 200 нафар гирифторони бемориҳои сироятӣ бо тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва дорувории баландсифат барои истифодабарӣ омода намоянд.

Худи ҳамин рӯз, Раиси шаҳр ҷараёни корҳои омодагӣ ва ташкилиро дар беморхонаи дигари табобатӣ барои бемориҳои сироятӣ, алалхусус, беморони сироятии короновирус-COVID-19 аз назар гузарониданд.

Бояд тазаккур дод, ки беморхона  дар бинои 6 ошёнаи ҳозиразамон дар масоҳати беш аз 14 200 (чордаҳ ҳазору дусад) метри мураббаъ ҷойгир буда, аз 110 утоқи муолиҷавӣ ва 24 утоқи кори табибон, кабинетҳои доругузаронӣ ва табобатии соҳавӣ, ошхонаи замонавӣ барои 200 нафар дар як вақт ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад ва дар наздиктарин фурсат бо катҳои хоб ва дорувориву таҷҳизоти тиббии муосир муҷаҳҳаз гардонда мешавад.

Зимни боздид Раиси шаҳр ба роҳбарият ва  масъулини соҳаи тандурустӣ, инчунин дигар сохторҳои дахлдор дастур доданд, ки беморхонаи мазкурро дар муҳлати 3 рӯз барои қабул ва муолиҷаи  600 нафар ашхоси гирифтори бемориҳои сироятӣ бо тамоми анвои доруворӣ, лавозимоти зарурии тиббӣ ва кормандони варзидаи соҳа тайёр кунанд.

Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо назардошти вазъияти баамаломада тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати муолиҷаи беморони сироятёфта дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ҳисоби имконияту захираҳои мавҷуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба таври иловагӣ беморхонаҳои табобатиро бо беш аз 3000 (се  ҳазор) кати хоб бо муҳайё кардани тамоми шароити муосири замонавӣ, бахусус мутахассисони баландихтисоси соҳибтаҷриба, таҷҳизоти тиббӣ ва таъминоти дорувории баландсифат ташкил кунад.

 

Илова кунед