ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №295 АЗ 05.05.2020

08 Майи 2020, Ҷумъа

Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 

Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти пойтахт барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021, тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
  2. Ситоди шаҳрӣ оид ба сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021, тибқи замимаи 2 таъсис дода шавад.
  3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият, доир ба сари вақт омода намудани фаъолияти мунтазами корхонаю ташкилотҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021, бетаъхир нақшаи чорабиниҳои мушаххасро таҳия ва амалӣ намоянд.
  4. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолии шаҳр дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021, ҷиҳати иҷрои саривақтии қарори мазкур ва ҳалли масъалаҳои бамиёномада дар ноҳияҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе таҳти сарварии раисони ноҳияҳо ва роҳбарони аввали сохторҳо ситодҳои дахлдор таъсис дода шаванд.
  5. Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе»:

- чорабиниҳои санҷишиву омодасозии бинову иншооти таъминоти гуногунро (манзилҳои истиқоматӣ, муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва дигар корхонаю ташкилот) дар муҳлатҳои муайянгардида бо пешниҳоди шиносномаи тайёрӣ ба анҷом расонида, ҳамчунин мутобиқи талаботи қонунгузории амалкунанда бо истифодабарандагони энергияи гармӣ шартномаҳои дахлдори хизматрасониро ба имзо расонад;   

- якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, соҳибмулкони манзили биноҳои бисёрхонагӣ баҳри омода намудани системаҳои гармитаъминкунии дохилибиногии истифодаи умум тадбирҳои мушаххас андешанд.    

  1. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо мақсади омодасозии иншооту воситаҳои технологии истеҳсолу интиқоли оби нӯшокӣ, қабулу тозакунии оби ғализ ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021 ҷиҳати ба миқдори меъёрӣ захира намудани маводи безараргардонӣ ва обсофкунӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунии шаҳрӣ, тадбирҳои зарурӣ андешад.
  2. Корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус - 1», «Автобус - 2», «Автобус - 3», «Троллейбус» ва Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» нақшаи чорабинҳои омодагиро барои гузаронидани мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 то 1 июни соли 2020 таҳия ва тасдиқ намоянд.

9.Ҷаласаҳои сайёри ситоди шаҳрӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва сохторҳои дахлдор бо иштироки бевоситаи роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва сохторҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, роҳбарони сохторҳои шаҳриву ноҳиявии марбута гузаронида шаванд.

  1. Сардори ситод дар ҳолатҳои зарурӣ роҳбарони корхонаю идораҳо, муассисаҳо ва намояндагони дахлдори мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатиро барои баррасии масъалаҳои корӣ ба ҷаласаҳо даъват намояд.
  2. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомот, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои шаҳри Душанбе новобаста аз тобеияти идоравӣ ва шакли моликият дар мувофиқа бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе - сарпарастони соҳаҳо аз рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо то санаи 5-уми ҳар моҳ маълумоти муфассал ба унвонии Раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
  3. Шуъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе на дертар аз санаи 10-уми ҳар моҳ оид ба иҷрои муқаррароти қарори мазкур ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо роҳбарияти мақомот ахборот манзур намояд.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тавассути васоити ахбори омма қарори мазкур ва ҷараёни иҷрои онро пайваста инъикос намояд.
  5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе - Зувайдзода М. М. гузошта шавад.                                                           

Рустами Эмомалӣ

Илова кунед