КУМАКИ БАШАРДӮСТОНАИ ШИРКАТИ ВАТАНИИ «АВЕСТО ГУРӮҲ»

12 Майи 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 12.05.2020. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати башардӯстона, имрӯзҳо баҳри рафъи мушкилии бемории сироятии COVID-19 дар мамлакат, хусусан таъминоти муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, дастгирию кумаки  моддию маънавии табибону беморон  тамоми тадбирҳои заруриро анҷом дода, дар шакли кумак ба тамоми муассисаҳои тандурустии мамлакат маводи доруворию лавозимоти тиббӣ ва маҳсулоти хӯрокворӣ дастарас менамоянд.

Дар партави ҳамин сиёсати инсондӯстонаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус  ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бо мақсади   пешгирӣ  аз  паҳншавии  пандемияи COVID-19 ва  табобати саривақтии беморон, инчунин тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ  дар пойтахти  мамлакат  беморхонаҳои  нав барои қабули беморон  сохта ба истифода дода шуда, ҳамаи сохторҳои давлатӣ барои ҳифзи  саломатии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе  фаъолияти шабонарӯзӣ менамоянд  ва ба таври доимӣ дар иншооту ҷойҳои ҷамъиятӣ ва маҳалҳои истиқоматии аҳолӣ тадбирҳои безараргардонӣ анҷом дода мешаванд.

Дар баробари ин соҳибкорони алоҳида ва ҷавонмардони ватандӯсти пойтахт дар ҳамин шабу рӯзҳо дар пайрави ба  иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ва ташаббусҳои Раиси шаҳри Душанбе  худро дар паҳлуи мардум  ва табибону кормандони гуногуни соҳаи тиб гирифта, дасти кумак ба онҳо дароз менамоянд, ки кумаки башардӯстонаи Ширкати «Авесто Гурӯҳ» аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Ин  ширкати ватанӣ  дар доираи иқдомҳои эҳсонкории роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба Раёсати тандурустии шаҳри  Душанбе  кумак  намуд, ки  аз лавозимоти зарурии тиббӣ дар ҳаҷми зиёда аз дуюним миллион сомонӣ иборат мебошад.

Дар доираи ин кумаки хайрхоҳона  ба воситаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ба муассисаҳои тиббии пойтахти мамлакат  53 200 адад лавозимоти зарурии тиббӣ, аз қабили либосҳои махсуси тиббӣ барои табибон дар ҳаҷми 10 000 адад, айнакҳои ҳимояткунандаи тиббӣ 10 000 адад, дастпӯшакҳои тиббӣ 10 000 дона, ниқобҳои махсуси пластикии ҳимояткунанда 5 000 адад ва ниқобҳои тиббӣ 18 200 адад ба таври ройгон супорида шуд.

Дар ҷараёни тақдими лавозимоти тиббӣ намояндагони ин ширкати ватанӣ  иттилоъ доданд, ки маводҳои мазкур дар ин рӯзҳо барои кормандони соҳаи тиб ниҳоят зарур мебошанд ва ба тамоми беморхонаҳои шаҳри Душанбе дастрас  карда мешаванд.

Ба таъкиди намояндагони  ширкати ватании «Авесто Гурӯҳ» ин тадбири муҳиму хайриявӣ  ба хотири ҳифзи солимии ҷомеа мунтазам анҷом дода шуда, дар доираи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи  доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  нисбат ба  бахши хусусӣ ва соҳибкории хурду миёна амалӣ мегардад.

Ширкати ватании “Авесто Гурӯҳ” тасмим гирифтааст, ки дар  пайравӣ  ба  ташаббусҳои хайру эҳсонкории Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои умумиинсонӣ иқдомҳои эҳсонкориро дар оянда низ анҷом диҳад.

 

 

 

 

 

Илова кунед