КУМАКИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА НИЁЗМАНДОН
Ғамхорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат, шахсони ниёзманад ва дастгирии онҳо дар сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи самтҳои муҳим буда, дар тамоми қаламрави мамлакат гурӯҳои зикршудаи аҳолӣ аз ҳар як иқдому ташаббуси хайрхоҳона ва инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд мегарданд.
Дар пайрави бо ташаббусу иқдомҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат 21 майи соли равон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар арафаи Иди саиди фитр ба 5 ҳазор нафар аз оилаҳои эҳтиёҷманду камбизоат, маъюбону беморон ва ятимону бепарасторон, кӯмаки моддӣ расонида шуд.
Кумаки Раиси шаҳр, дар маҷмӯъ, аз 500 тонна маводи ғизоӣ иборат буда, маблағи он зиёда аз дуюним миллион сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин бояд хотиррасон бояд кард, ки аз давраи ба қайдгирии нахустин ҳолатҳои сироятёбии сокинони пойтахти мамлакат ба коронавируси COVID-19 роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дастгирию кумаки саривақтии кормандони соҳаи тиб, беморону парасторони онҳо ва дигар эҳтиёҷмандон, пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ ва таъмини мунтаззами муассисаҳои тандурустии пойтахти мамлакат бо доруворию лавозимоти зарурии тиббӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт пайваста амалӣ менамояд.