РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ШИНОСОӢ БО ҶАРАЁНИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР ИНШООТИ ҶАШНИИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

05 Июни 2020, Ҷумъа

ш.Душанбе. 05.06.2020. Имрӯз дар доираи омодагиҳо ба истиқболи сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони як қатор муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, аз ҷумла мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст, дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш аз наздик шинос шуданд.

Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ  бунёд шуда, дар соли таҷлил аз 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. 

Ҷараёни шиносоӣ ва боздиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои ноҳияи Шоҳмансур оғоз ёфт.

Лозим ба ёдоварист ки санги асоси бунёди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур ҳанӯз 19 июни соли 2017 аз тарафи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо иштироки намояндагони соҳа ва сохтмончиён гузошта шуда буд.

Фармоишгари иншоот Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе буда, лоиҳаи он аз ҷониби Корхони фаръии КВД "Лоиҳакаш"-и шаҳри Душанбе бо тарҳи муосири меъморӣ омода шудааст ва корҳои сохтмониро  ҶСК "Тоҷикгидромантаж" тариқи эҳсонкорӣ  пеш мебарад. 

Ба Раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар иншоот корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, ҳоло бинокорон ба  рангу бори дохил ва намои берунаи бино, васлу насби шабакаҳои муҳандисӣ ва ободонии ҳудуди Муассиса машғул мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи лоиҳа дар масоҳати 0,68 г. бунёд шуда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад. Муассиса 4 ошёна буда,  51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, 8 синфхонаи лабораторӣ, ба шумули синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифоии ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, ҳайкалтарошию расмкашӣ, озомишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона иборат мебошад.

Раиси шаҳри Душанбе ба масъулин дастур доданд, ки корҳои бунёдиву сохтмонии иншоотро бо дарназардошти меъёрҳои муосири шаҳрсозиву меъморӣ бо сифати баланд анҷом дода, аз ҳисоби масъулину мутахассисони шаҳрдорӣ ситоди доимоамалкунанда ташкил намуда, корҳоро дар се баст ташкил ва муассисаи таълимиро то муҳлати муайяншуда барои баҳрабардорӣ омода намоянд.

Ҳамзамон супориш дода шуд, ки бо инобати дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ асбобу васоили таълимӣ, аз ҷумла мизу курсӣ ва дигар таҷҳизоти таълимӣ аз корхонаҳои тавлидотии маҳаллӣ харидорӣ ва дастрас карда шаванд.

Ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулини сохтмон ба корҳои ободонии саҳну атрофи таълимгоҳ ва роҳравҳои он, корҳои ниҳолшинониву сабзкорӣ равона гардид.

Худи ҳамин рӯз Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони бинои Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш  шинос шуданд.

Сохтмони ин муассисаи томактабӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми ноябри соли 2019 оғоз гардидааст.

Фармоишгар ва пудратчии иншоот ҶДММ "Шаҳри зебои мо" буда, лоиҳаи он аз ҷониби ҶДММ "Пашуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашии "Пирамида" бо инобати мавқеи ҷоийгиршавиаш ба таври ҷолиб тарҳрезӣ гардидааст.

Масоҳати умумии қитъаи замин барои бунёди кӯдакистон 1,4 гектарро ташкил медиҳад.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 3 ошёна бо болохона иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла  толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт  мебошад.

Ҳар як ошёна барои 8-гурӯҳ кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст.

Айни ҳол дар иншоот корҳои асосии сохтмонӣ иҷро шуда, бинокорон ба бунёди бомпӯши бино, корҳои андовакунии дохил ва беруни бино, шабакаҳои муҳандисии ноқилҳои барқу об ва ободонии гирду атроф  машғул мебошанд.

Аснои шиносоӣ ба Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ намунаи тарҳи дохили ҳуҷраҳо муаррифӣ гардида, иттилоъ дода шуд, ки ба хотири таъмини шароити арзандаи таълиму тарбияи кӯдакон, барои машғулияти кӯдакон синфхонаҳо бо муосиртарин асбобу айёниятҳо муҷаҳҳаз мешавад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инобати таъиноти муассисаи томактабӣ, ки барои кӯдакон пешбинӣ шудааст, таваҷҷуҳи сохтмончиёнро ба истифодаи маҳсулоти бехатари сохтмонӣ, насби системаи муосиртарини огоҳкунанда аз ҳодисаҳои эҳтимолӣ, инчунин иҷрои саривақтию босифати корҳо дар иншоот, истифодаи  масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла маҳсулоти ороишӣ ва таҷҳизоту васоили истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ бо риояи талаботи шаҳрсозии муосир дар раванди ороиши бино ҷалб карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар иншоот 600 нафар бинокорон ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият доранд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки  дар иншоот ситоди доиамалкунанда ташкил карда, корро дар се баст ба роҳ монанд ва иншоотро то муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор диҳанд.

Дар ин робита Роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур муваззаф гардид, ки дар ободонии гирду атрофи Муассиса ва рангу бори биноҳои ҳамшафати он саҳмгузор бошанд.   

Лозим ба таъкид аст, ки баланд бардоштани сатҳу сифати ба донишандӯзӣ фаро гирифтани насли ояндасози кишвар ва инчунин беҳтар намудани омодагии томактабии кӯдакону наврасон, бо инобати нишондодҳои Паёми солонаи Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ, яке аз масъалаҳои  мавриди таваҷҷуҳи шаҳрдорӣ маҳсуб меёбад.

Ин аст, ки солҳои охир, дар раванди амалишавии сиёсати созандаи Роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бунёди иншооти соҳаи маориф, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ аз авлавиятҳои хос бархӯрдор аст.

 

 

 

   

 

 

Илова кунед