ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ СИРОЯТИ КОРОНАВИРУС - COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 10.06.2020. Дар асоси дастури Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тарғиботиву ташвиқотӣ дар миёни сокинон ва меҳмонони пойтахт бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳо ҳангоми аз хона ба берун баромадан ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ - бозорҳо, марказҳои савдо, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, риояи масофаи иҷтимоӣ аз ҳисоби масъулини Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 7 гурӯҳ ва 49 зергурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳайати 235 нафар таъсис ёфта, ҳамарӯза фаъолияти худро дар маконҳои серодами пойтахт ба роҳ мондааст.
Дар рафти амалиёти гузаронидашуда давоми рӯзҳои 1-9 июни соли ҷорӣ гурӯҳҳои корӣ 13110 нафар шаҳрвандони бе ниқобҳои муҳофизатӣ гашту гузоркунанда, ба шумули сокинони шаҳри Душанбе 4226 нафар, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 2232 нафар, вилояти Хатлон 1844 нафар, вилояти Суғд 636 нафар ва ВМКБ 409 нафарро муайян ва номнавис намуданд.
Аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ ба ин нафарон ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон дастрас карда шуд.
Ҳамчунин давоми ин рӯзҳо дар даромадгоҳи 4 ноҳияи шаҳри Душанбе дар самтҳои Душанбе – Бохтар, Душанбе – Ваҳдат, Душанбе – Варзоб ва Душанбе – Ҳисор бо мақсади пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти риояи гигиенаи шахсӣ ва истифодаи ҳатмии ниқоб ҳангоми ба шаҳр ворид шудан, ба ронандагон ва ҳамроҳони онҳо 1000 адад ниқобҳои бисёркарата ва яккарата дастрас карда шуд.
Ҳамзамон рӯзҳои 2 – 9 июни соли ҷорӣ гурӯҳҳои кории Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишии шаҳри Душанбе” дар майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакони кӯчаҳои Возеҳ, Деҳотӣ, Мушфиқӣ, Н. Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Сино бо 450 нафар намояндагони табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла занону ҷавонон, наврасону насли калонсол ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, бахусус дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва риояи фосилаи иҷтимоӣ мулоқот анҷом дода, беш аз 700 ниқобро байни сокинони кӯчаҳои болозикр ройгон тақсим намуданд.
Зимни суҳбат аз сокинону меҳмонон даъват ба амал оварда шуд, ки то ба эътидол омадани вазъияти пандемияи коронавируси нав аз гашту гузор ва сайру гашт дар боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳо муваққатан худдорӣ намуда, талаботи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва Ситоди ҷумҳуриявиро доир ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намуда, фарзандони худро беназорат нагузоранд.
Бояд қайд намуд, ки гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе давоми рӯзҳои 1 - 9 июни соли ҷорӣ зимни баргузории корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар маҷмуъ 14000 нафарро фаро гирифта, ба онҳо ниқобҳои муҳофизатии яккарата ва бисёркарата тақдим намуданд.
Фаъолияти гурӯҳҳои кории тарғиботии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе минбаъд низ дар тамоми бозору марказҳои савдо, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти шаҳрдорӣ ба роҳ монда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҳамаи сокинон ва меҳмонони пойтахт эҳтиромона даъват ба амал меорад, ки қоидаҳои истифодаи ниқобҳои муҳофизатии яккарата, маҳлулҳои безараркунанда (антисептикӣ) ва фосилаи иҷтимоиро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя намуда, бе зарурат аз хона набароянд.