ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №351, АЗ 19.06.2020

22 Июни 2020, Душанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ»

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм          ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Р.Набиев ва муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» аз 12 июни соли 2020, №1/273 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

 ҚАРОР МЕКУНАМ:

 Нақшаи чорабиниҳои замимагардида  оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600 мм, воқеъ дар кӯчаи Р.Набиев, ноҳияи Сино тасдиқ карда шавад.

  1. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Арбобхотун, Конститутсия, Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои П.Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамӣ, Қаҳорӣ ва шаҳраки П.Нахимов  аз соати 22:00 рӯзи 22 июн то соати 23:00 рӯзи 23 июни соли 2020 қатъ мегардад.
  2. Раиси ноҳияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
  3. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
  4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  5. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

                                                                         Рустами Эмомалӣ

Илова кунед