ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №356 АЗ 26.06.2020

30 Июни 2020, Сешанбе

Дар бораи таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони  камбизоати шаҳри Душанбе    

Бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»,

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди роҳбарӣ ва иҷро қарор дода шавад.

  1. Муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба онҳо тибқи методика ва тартиби аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳиягардида ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2020, №271 «Дар бораи ҷорӣ намудани механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ гардида, ба роҳ монда шаванд.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа якҷо бо раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, Сарраёсати молия, Раёсати тандурустӣ ва шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор:

- маблағгузории хароҷоти маъмурӣ ва пешбури коргузории механизми таъин ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоиро мутобиқи банди 3 қарори дар боло зикргардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;

- бо мақсади пешгирии омилҳои коррупсионӣ, таъмини шаффофият дар раванди муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони дар асл камбизоат ҷиҳати таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тадбирҳо андешанд;

- аз ҳисоби сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи шаҳри Душанбе ҷиҳати ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ оид ба иҷрои саривақтии қарори мазкур ва пурра фаро гирифтани оилаҳои камбизоат ва механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои ахбори омма ва ҷалби фаъолони ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешанд.   

  1. Шуъбаи ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва раванди ҷорӣ намудани механизми расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоиро тариқи васоити ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
  2. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                       Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед