Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҶТИМОӢ-ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2020: НИШАСТИ МАТБУОТӢ

24 Июли 2020, Ҷумъа

ш.Душанбе. 24.07.2020. Имрӯз дар Маркази матбуоти ҷумҳуриявӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва муассисаву корхонаҳои шаҳрӣ  иштирок намуданд.

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар соли 2020 дар назди намояндагони Воситаҳои ахбори омма гузориш дод.

Тавре зикр гардид,  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда фаъолиятро роҳандозӣ намуда, баҳри таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дигаргунсозиҳо дар соҳаҳои инфрасохторию хизматрасонӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии андозу пардохтҳо як қатор чорабиниҳои мушаххасро ба роҳ монд.

Новобаста аз вазъияти баамаломада, яъне пандемияи сирояти нави коронавирус бо дарназардошти роҳандозии тадбирҳои зарурӣ, дар ин давра тамоюли мусбии аксари соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва устувории нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии шаҳр таъмин карда шуд.

Мувофиқи маълумоти пешакии оморӣ Маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар нимсолаи аввали соли 2020 ба 6 миллиарду 729,9 миллион сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,3 фоиз ва саҳми он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) 20,7 фоизро ташкил дод.

Дар моҳҳои январ - июни соли 2020 рушди МММ асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ ба андозаи 103,3 фоиз, гардиши савдо 109,5 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 103,5 фоиз ва боркашонӣ 111,5 фоиз таъмин гардидааст.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои нав, роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда ҷиҳати афзоиш ёфтани соҳаи саноати шаҳр дар нимсолаи аввали соли 2020 заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 464 адад корхонаҳои саноатӣ новобаста аз шакли моликият ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 192,0 миллион сомонӣ баробар гардид, ки суръати афзоиши он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 96,1 фоизро ташкил дод.

Дар соҳаи саноати истихроҷи маъдан истеҳсоли маҳсулот ба 25,5 миллион сомонӣ ё 1,5 маротиба, саноати коркард 577,7 миллион сомонӣ ё 79,7 фоиз, таъминоти нерӯи барқ, газ, буғ, об ва тозакунии ҳаво 559,8 миллион сомонӣ ё 108,2 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта таъмин гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 суръати афзоиши маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар ноҳияҳои И. Сомонӣ – 92,7 фоиз, Шоҳмансур – 75,8 фоиз, Фирдавсӣ – 107,2 фоиз ва Сино – 96,5 фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра 101,1 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи зиёда аз 4,3 миллион сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли он 7,6 фоиз зиёд мебошад.

Содироти корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе дар ин давра ба 2,3 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра дар шаҳр барои оғози фаъолият 12 адад корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ бо таъсиси 454 адад ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шудааст.

Тибқи маълумоти оморӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2020 истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 949,0 миллион кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,4 фоиз ё 22,4 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе» дар маҷмӯъ ба миқдори 1,6 миллиард кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 19,5 миллион кВт соат зиёд мебошад.

Истеҳсоли энергияи гармӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 677,4 ҳазор Гкал баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,3 фоиз ё 194,6 ҳазор Гкал зиёд мебошад.

Ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 32,3 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба аҳолӣ 9,2 миллион сомонӣ ва ба ташкилоту идораҳои гуногун 23,1 миллион сомонӣ интиқол гардидааст.

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020 - 2021» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ дар пойтахт 2511 адад иншоот бо дарназардошти соли гузашта ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ тавассути Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и мақомот барои иҷрои корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, лоиҳакашию муҳаққиқӣ ва бартарафкунии иншоотҳо дар ҳаҷми 310,9 миллион сомонӣ (барои корҳои сохтмону васлкунӣ 202,4 миллион сомонӣ, корҳои лоиҳакашӣ 784,3 ҳазор сомонӣ ва барои бартарафкунии иншоотҳо 107,7 миллион сомонӣ) маблағгузорӣ амалӣ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби муассиса дар 10 иншооти таъиноти гуногун корҳои сохтмонӣ - васлгарӣ, бахусус дар соҳаи манзил 1 иншоот, коммуналӣ 2 иншоот, маориф 1 иншоот, фарҳанг 3 иншоот ва дигар соҳаҳо 3 иншоот, инчунин дар 7 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ (дар соҳаи коммуналӣ 3 иншоот, фарҳанг 1 иншоот, тандурустӣ 1 иншоот ва дар дигар соҳаҳо 2 иншоот) дар ҳаҷми 118,3 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст.

Дар ин давра тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар 12 иншоот корҳои сохтмонию васлкунӣ ва дар 3 иншоот корҳои лоиҳакашию муҳаққиқӣ бо маром идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар соҳаи маориф корҳои сохтмонӣ, таъмир ва азнавсозӣ дар 12 иншоот барои 13284 ҷойи нишаст дар як баст ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, аз ҳисоби Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 6764 ҷой, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷой ва аз ҷониби соҳибкорон сохтмони 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 5320 ҷой идома доранд.

Инчунин, дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт аз ҷониби соҳибкорону эҳсонкорон корҳои лоиҳакашии 8 муассисаи таълимӣ барои 6272 ҷойи нишаст дар як баст оғоз гардидааст.

Дар ин давра сохтмони 12 муассисаи томактабӣ барои беш аз 2380 ҷой ва корҳои лоиҳакашии 9 муассисаи томактабӣ барои 1900 ҷой идома доранд.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади сазовор таҷлил намудани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани  корҳои ободонию созандагӣ барои солҳои 2019-2021 дар шаҳри Душанбе тасдиқ гардида, дар доираи он аз ҷониби шахсони эҳсонкор ва ташкилоту муассисаҳо 4145 чорабиниҳои гуногун бахусус дар самти бунёди иншоотҳои иҷтимоию саноатӣ ва савдою хизматрасонӣ бо таъсиси беш аз 23,0 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.

Баҳри иҷрои Нақшаи чорабиниҳои мазкур дар нимсолаи аввали соли 2020 дар шаҳри Душанбе 740 чорабинӣ, аз ҷумла рангубори 391 адад биноҳо ва азнавсозии 77 адад нуқтаҳои партовпартоӣ амалӣ карда шуд.

Бояд зикр намуд, ки баҳри истиқболи ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе барои бунёди 8 адад меҳмонхонаҳои замонавӣ дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт санги асос гузошта шуд, ки айни ҳол дар онҳо корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» дар 8 иншооти роҳсозӣ бо дарозии 19,0 километр,  дар 2 иншооти ирригатсионӣ бо дарозии 3,1 километр, дар 1 адад иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ бо дарозии 3,3 километр ва дар сохтмони 32 адад истгоҳҳои нақлиётии замонавӣ бо маблағи умумии 84,5 миллион сомонӣ корҳо пешбинӣ шуда, иҷроиши он ба 87,5 миллион сомонӣ баробар гардидааст.

Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои сохтмонии роҳи автомобилгард аз муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе (эстакадаи Қарияи боло) бо дарозии 4,2 километр ба анҷом расонида шуда, мавриди истифодабарӣ қарор дода шуд.

Бояд қайд кард, ки бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе дар доираи ҳамкориҳои судманд миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон аз ҳисоби маблағҳои грантии давлати Ҳиндустон лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи «Чортут»-и пойтахт, ки тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон маҳсуб меёбад, бо дарозии 9,2 километр ва паҳноии 40 метр бо маблағи 46,5 миллион доллари ИМА ба нақша гирифта шуда, корҳо дар ин самт оғоз гардидааст.

Дар моҳҳои январ – июни соли 2020 бо ҳама намудҳои нақлиёт 5016,2 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра бо нақлиёти автомобилии корхонаю ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият ва нақлиётҳои шахсони воқеӣ, ки ба боркашонии тиҷоратӣ машғуланд 4 миллиону 654,4 ҳазор тонна бор кашонида шуд, ки 92,8 фоизи ҳаҷми умумии боркашониро бо ҳама намудҳои нақлиёт ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ҳама намуди нақлиёт 133,4 миллион нафар мусофир кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи  соли гузашта ба 84,9 фоиз баробар мебошад.

Дар шаҳри Душанбе хизматрасониҳо дар самти ҳамлу нақли мусофирон аз ҷониби 4 корхонаи коммуналии воҳиди давлатӣ, 16 ҷамъиятҳои хусусии нақлиётӣ ва 11 ширкати таксӣ  амалӣ гардида истодааст.

Ба сокинону меҳмонони пойтахт хизматрасонӣ тавассути нақлиёти истифодаи умуми автомобилӣ дар 83 хатсайрҳои мусофирбари ҷамъиятӣ, ки аз ин 26 адад автобусгард, 8 адад троллейбусгард ва 49 адад микроавтобусгард мебошанд, ба роҳ монда шудааст.

Дар хатсайрҳои шаҳрӣ ҳамарӯза то 355 адад автобус, 54 адад троллейбус, 1120 адад микроавтобуси сектори хусусӣ ва 1550 адад воситаи нақлиёти сабукрави таксӣ ба фаъолият сафарбар карда мешаванд.

Бо мақсади ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанбе дар маҷмӯъ 3079 адад нақлиёти истифодаи умуми мусофирбар, аз ҷумла 559 адад нақлиёти мусофирбари корхонаҳои коммуналӣ, 2520 адад микроавтобусҳои сектори хусусӣ ва  воситаҳои нақлиёти сабукрави таксӣ фаъолият доранд.

Тибқи шартномаи дуҷониба аз Ҷумҳурии Белорусия харидорӣ намудани 100 адад троллейбусҳои муосир (беноқили то 15 км ҳаракаткунанда) ба нақша гирифта шуда, дар ин давра 50 адади он ба ҷумҳурӣ ворид карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар соли ҷорӣ тибқи шартномаи басташуда харидории 50 адад автобуси тамғаи «AKIA» бо дарозии 8 метр аз ширкати муштараки «Акиа Авесто Автоматив Индастри»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

Дар ин давра дар хатсайри автобусгарду троллейбусгард пардохти роҳкиро ба пуррагӣ тариқи низоми электронӣ ба роҳ монда шуда, корҳо дар самти марҳилаи дуюми лоиҳа ҷиҳати ҷорӣ намудани низоми мазкур дар хатсайрҳои микроавтобусӣ оғоз гардидааст.

Қобили зикр аст, ки ғайр аз ҷорӣ намудани корти яксафара воситаи дигари пардохт ба истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ дар шакли электронӣ, яъне бо истифода аз телефонҳои мобилӣ (смартфон) бо сабт намудани барномаи махсус мавриди истифодабарӣ пешкаш гардидааст, ки тибқи мушоҳидаи низоми электронӣ шумораи онҳо рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст.

Аз оғози татбиқи низоми мазкур то давраи ҳисоботӣ барои истифодаи хизматрасониҳои мусофиркашонӣ тибқи низоми мазкур 478506 адад кортҳои пластикӣ ба сокинону меҳмонон дастрас карда шуд.

Тибқи маълумоти пешакӣ дар моҳҳои январ – июни соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 4078,1 миллион сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,5 фоиз зиёд мебошад.

Дар моҳи июни соли 2020 таваррум (нисбат ба моҳи декабри соли 2019) дар сатҳи 4,8 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ гардиши савдои хориҷӣ дар давраи ҳисоботӣ 216,7 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар давраи ҳисоботӣ содирот ба 4,0 миллион доллари ИМА ва воридот ба 212,7 миллион доллари ИМА баробар гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан ба 47,6 фоиз ва 111,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 нақшаи контингенти умумии даромадҳо (бе назардошти андози иҷтимоӣ) ба маблағи 1 миллиарду 355,4 миллион сомонӣ ё 100,2 фоиз иҷро гардид, ки ин нисбат ба нақша 2,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Воридоти контингенти умумии андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла ноҳияи И. Сомонӣ 100,0 фоиз ё ба маблағи 332,8 миллион сомонӣ, ноҳияи Шоҳмансур 100,0 фоиз ё ба маблағи 466,7 миллион сомонӣ, ноҳияи Фирдавсӣ 100,1 фоиз ё ба маблағи 178,5 миллион сомонӣ ва ноҳияи Сино 100,0 фоиз ё ба маблағи 365,1 миллион сомонӣ иҷро гардидааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ба мақомот 9410 мактуб, аз ҷумла аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 адад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 490 адад, вазорату идораҳо 489 адад, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 180 адад, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо ва муассисаву ташкилоти тобеи шаҳрӣ 4980 адад, хориҷи кишвар 62 адад, бонкҳо 34 адад, барқияҳо 192 адад ва тавассути суроғаи электронии мақомот 220 адад ворид гардид.

 Дар моҳҳои январ – марти соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷӣ 54,9 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар ин давра, дар ҳудуди пойтахт 29 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, 16 корхона ба маблағи умумии 25,6 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 13 корхона ба маблағи умумии 29,3 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.

Айни замон, дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то инҷониб 434,6 миллион доллари ИМА ва дар давраи ҳисоботӣ 15,6 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва ба танзим даровардани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе як қатор корҳо ба сомон расонида шуд.

 Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 январи соли 2020, №9 «Дар бораи ташкили ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2020» корхонаҳои соҳаи савдои пойтахт дар арафаи идҳои миллию давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ва хоҷагиҳои деҳқонии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мунтазам ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ ташкил намуда, дар маҷмӯъ дар ин давра зиёда аз 4907 тонна молу маҳсулоти ниёзи аввалияро пешкаши сокинони пойтахт гардониданд.

Дар баробари ин аз ҷониби корхонаи мазкур дар доираи шартномаҳои басташуда бо ширкатҳои тиҷоратии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Белоруссия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон харид ва воридоти маҳсулотҳо, аз ҷумла шакар, равғани растанӣ, орд, гандум, биринҷ ва гӯшти гов ба роҳ монда шуда, ҷиҳати таъмини талаботи истеъмолкунандагон тавассути бозорҳои пойтахт ба фурӯш гузошта шудааст.

Дар ин давра як қатор чорабиниҳо ҷиҳати беҳдошти вазъи бо об таъмин намудани шаҳри Душанбе, баланд бардоштани сифати оби нӯшокӣ ва безараргардонии он дар доираи барнома ва нақшаи чорабиниҳои техникии тасдиқгардида амалӣ карда шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ чорабиниҳои зикргардида асосан барои кам намудани талафоти оби нӯшокӣ равона гардида, дар истгоҳҳои обтаъминкунии КВД «Обу корези Душанбе» 68,0 миллион метри мукааб оби нӯшокӣ истеҳсол ва ба истифодабарандагон интиқол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,8 миллион метри мукааб зиёд мебошад.

Талафоти оби нӯшокӣ ба 31,9 миллион метри мукааб баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 миллион метри мукааб кам мебошад.

Аз ҷониби корхонаи мазкур ба истеъмолкунандагон ба маблағи 45,7 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол дода шуда, ҷамъоварии маблағи он 40,1 миллион сомонӣ ё 87,7 фоизро ташкил намудааст. Аз ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 22,4 миллион сомонӣ оби нӯшокӣ интиқол гардида, ҷамъоварии маблағи он 17,9 миллион сомонӣ ё 80,0 фоизро ташкил додааст.

Бо мақсади беҳдошти вазъи обтаъминкунӣ дар минтақаҳои ноҳияи Шоҳмансур ва қисмати ҷанубу шарқии пойтахт «Лоиҳаи беҳтар намудани обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» дар асоси созишномаи грантӣ дар ҳаҷми 45,8 миллион доллари ИМА байни Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёгии Рушд ба имзо расида, мавриди амал қарор дорад.

Ҳамзамон, ҷиҳати беҳтаргардонии вазъи сектори обтаъминкунӣ ва корезӣ (канализация) дар қисмати шимолу ғарбии шаҳри Душанбе (ноҳияи Сино) аз ҷониби мақомот бо Бонки ҷаҳонӣ гуфтушунидҳо баргузор гардида, барои татбиқи лоиҳа аз ҷониби бонки мазкур дар ҳаҷми 30,0 миллион доллари ИМА ҳамчун маблағи грантӣ дастгирӣ ёфтааст.

Корхонаи воҳиди давлатии «Партовгоҳи партовҳои сахти маишии шаҳри Душанбе», ки мақсади асосии он сари вақт қабул ва ҷойгир намудани партовҳои сахти маишӣ мебошад, дар давраи ҳисоботӣ ба миқдори 157,2 ҳазор тонна партовҳои сахти маиширо қабул ва тахту ҳамвор намудааст.

Дар давраи ҳисоботӣ як қатор корҳои назаррас дар соҳаи ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шуд.

Дар мавсими ниҳолшинонӣ дар кӯчаю хиёбонҳо, боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаю ташкилотҳо ба миқдори 122,9 ҳазор бех дарахту буттаҳо, 11,4 миллион бех гулҳои мавсимии бисёрсола ва дар майдони 257,3 ҳазор метри мураббаъ майса корида шуд.

Аз ҷониби Комиссияи фавқулодаи зиддиэпидемиявии шаҳри Душанбе дар давраи пандемияи сирояти коронавируси COVID - 19 ташкил ва безараргардонии нуқтаҳои партовҷамъкунӣ бо моеъ ва хокаи хлор ба роҳ монда шуд.

Ҳамзамон, дар ин давра ҷиҳати тозаву озода нигоҳ доштани соҳили дарёҳои ҳудуди ноҳияҳои пойтахт 8 маротиба аксияи экологии «Тозагии соҳил-2020» гузаронида шуд, ки дар он намояндагони сохторҳои шаҳрӣ, донишкадаву донишгоҳҳо, корхонаву ташкилотҳои саноатӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт фаъолона иштирок намуданд.

Бо мақсади зиёд намудани навъи дарахтони нодир дар ин давра ба миқдори 6444 бех дарахтони ороишию сояафкан ва буттагӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шуда, дар мавзеъҳои муқарраргардида шинонида шуд.

Тибқи маълумотҳои фаврӣ ба ҳолати 1 июни соли 2020 аз ҳисоби ба кор даровардани иншоот ва баланд бардоштани иқтидорҳои истеҳсоливу хизматрасонии мавҷуда, дар корхонаю муассисаҳои шаҳр новобаста аз шакли моликият 7497 адад ҷойҳои корӣ таъсис ва барқарор карда шуд.

Дар нимсолаи аввали соли 2020 тавассути мусоидати мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 3862 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷойи кор таъмин карда шуданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 1750 нафар ё 31,1 фоиз кам мебошад.

Аз теъдоди умумии бокортаъминшудагон 2055 нафарро занон ташкил медиҳанд.

Бо мақсади омӯзиши касбу ҳунар 1244 нафар шаҳрвандони бекор ба курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ сафарбар карда шуданд, ки ин нишондиҳанда 49,7 фоизи иҷроиши дурнамои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии шаҳри Душанберо ташкил медиҳад.

Касбомӯзии шаҳрвандон аз рӯи 19 намуди касбу ихтисосҳои гуногун роҳандозӣ гардидааст.

Ҳамзамон, дар заминаи маълумоти ҷамъовардашуда ҷиҳати паст намудани сатҳи бекорӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва баргузор карда шуд, ки тавассути он 335 нафар шаҳрвандони корҷӯй бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Бо мақсади иштироки аҳли ҷомеа дар корҳои созандагӣ ва ҳамбастагии онҳо ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина мусоидат намудан ба рушди маънавиёти ҷомеа, таъмини солимии оила ва фарҳанги оиладорӣ, риояи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим 52 маротиба вохӯрию мулоқотҳои бевоситаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо масъулини соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, сайёҳӣ, савдо, иқтисод, андоз, нақлиёт, сохтмон, коммуналӣ, ободонӣ, энергетика, саноат ва бахши ҳунармандӣ, фаъолони ноҳияҳо, инчунин сокинони як қатор шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт бо фарогирии зиёда аз 14 ҳазор  нафар доир карда шуд.

Ҳамзамон, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии короновирус (COVID-19) 196 адад зергурӯҳҳои корӣ иборат аз 693 нафар таъсис ёфта, аз ҷониби онҳо ҷиҳати риояи ҳатмии пӯшидани ниқоб, дуруст нигоҳ доштани фосилаи муайян миёни одамон ва дигар қоидаҳои беҳдоштӣ аз 1 июн то 1 июли соли ҷорӣ дар кӯчаю маҳаллаҳои пойтахт, назди биноҳои истиқоматӣ, бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдою хизматрасонӣ ва боғу гулгаштҳо бо фарогирии 115,0 ҳазор нафар корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.

Зимни амалиётҳои гузаронидашуда, аз ҷониби намояндагони гурӯҳҳои корӣ дар шаҳри Душанбе 38,7 ҳазор нафар сокинон ва меҳмонони бе ниқоб гашту гузоркунанда муайян гардид, ки ба онҳо ниқобҳои яккарата ва бисёркарата тариқи ройгон дастрас карда шуд.

Дар шаҳри Душанбе 137 муассисаи таҳсилоти томактабӣ фаъолият доранд, ки аз ин теъдод 91 муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 33 муассисаи томактабии хусусӣ ва 13 муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо ба шумор мераванд.

Шумораи умумии тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабӣ 29854 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин теъдод 24786 нафар дар муассисаи таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1841 нафар дар муассисаи томактабии хусусӣ ва 3227 нафар дар муассисаи томактабии назди корхонаву ташкилотҳо фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 1603 нафар мураббияҳо тарбия медиҳанд.

Дар шаҳри Душанбе 149 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 9 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 128 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типпи нав ва махсус), 1 муассисаи махсуси ҷумҳуриявӣ, 2 мактаби мусиқӣ, 1 мактаби варзишӣ ва 3 муассисаи таҳсилоти ғоибона фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод, 120 муассисаҳои таълимии буҷетии шаҳри Душанбе ва 29 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ба ҳисоб рафта, дар маҷмӯъ бо фарогирии 205625 нафар хонанда фаъолият менамоянд.

Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе 8863 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки ин нишондод дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 294 нафар зиёд мебошад.

Инчунин, дар шаҳр 5 муассисаи интернатӣ ва 1 хонаи кӯдакони синни томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 1037 нафар хонандагон, аз  ҷумла 44 нафар ятими кулл, 52 нафар бемодар, 311 нафар бепадар, 247 нафар аз оилаҳои камбизоат, 28 нафар аз оилаи бепарастор, 260 нафар кӯдакони маъюб, 61 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон бемор ва 34 нафар аз оилаҳое, ки падару модарашон дар маҳбас мебошанд, ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар сохтори тандурустии пойтахт айни замон 61 муассисаи табобатию пешгирӣ фаъолият менамоянд. Дар 16 муассисаи табобатӣ 2745 кати муолиҷавӣ ва дар 2 хонаи кӯдакон 200 кат ташкил карда шудааст, ки дар онҳо кӯдакони бепарастори то синни 4 сола бистарӣ мешаванд. Аз ин шумора 905 катҳои терапевтӣ, 614 катҳои ҷарроҳӣ, 495 катҳои акушер-гинекологӣ ва 731 катҳои педиатрӣ мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ 42,4 ҳазор нафар беморон дар беморхонаҳои шаҳрӣ бистарӣ шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 ҳазор нафар кам мебошад. Аз шумораи умумии бистаришудагон 1,5 ҳазор нафар ё 3,5 фоизро аҳолии дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд.

Дар сохтори соҳаи тандурустии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 3376 нафар табибон ва 5463 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият доранд.

 Яке аз бахшҳои муҳими иҷтимоӣ дар фаъолияти мақомот соҳаи фарҳанг ба ҳисоб рафта, масъулини соҳа баҳри дар сатҳи муносиб баргузор намудани иду ҷашнҳо чораҳо андешида, доир ба рушди ин соҳа як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуданд.

Айни замон, дар тобеияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе 25 муассисаи фарҳангию фароғатӣ (бо дарназардошти 13 адад шуъбаҳои китобхонаи ба номи А. Лоҳутӣ) фаъолият менамоянд.

Аз ҷумла, 6 муассисаи таълимӣ, бахусус 4 мактаби мусиқии бачагона, 1 мактаби бачагонаи санъат, 1 мактаби бачагонаи рассомӣ, ҳамчунин 2 китобхона, 2 театр, 1 маркази илмию методӣ ва 1 клуби марказонидашуда, бо фарогирии 605 нафар корманд фаъолият дорад.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг, аз ҷумла мактаби бачагонаи санъат ва мактаби бачагонаи рассомӣ 986 нафар муҳассилин бо омӯхтани фанҳои гуногуни ҳунар ва мусиқӣ фаро гирифта шудаанд.

Фонди Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ ва Китобхонаи муосири пойтахт дар ин давра бо 1509 нусха китобу маҷаллаҳои тозанашр мукаммал гардонида шуданд.

Шумораи хонандагон дар ин давра дар китобхонаҳои  болозикр ба 38775 нафар расидааст, ки ба онҳо 46391 нусха китоб пешниҳод гардидааст.

Дар ин давра аз ҷониби Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов ва Театри намунавӣ – минётураи «Ойина» ҷиҳати баланд бардоштани маданияту маърифати шаҳрнишинӣ, ҳувияти миллӣ, ватанпарастии наврасону ҷавонон як қатор намоишнома ва саҳнаҳои ҳунарӣ рӯи саҳна гузошта шуданд.

Дар шаҳри Душанбе 410,4 ҳазор нафарро бонувон ташкил медиҳанд.

Дар ин давра 2057 нафар занон бо ҷойи кор таъмин гардида, 1092 нафари дигар курсҳои касбомӯзиро аз рӯи ихтисосҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, попуридӯзӣ ва курсҳои кӯтоҳмуддати ҳунарҳои мардумӣ хатм намуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар пойтахт 2199 оилаи нав ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 567 ҳолат кам мебошад.

Шумораи бекоршавии ақди никоҳ дар ин давра ба 931 адад расидааст, ки нисбат ба соли гузашта 49 адад кам мебошад.

Дар ин давра бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи кор бо занон ва оила дар байни занону ҷавондухтарон ва дигар қишрҳои ҷомеа дар маҷмӯъ 35 вохӯриву мулоқот, 21 семинарҳои омӯзишӣ - иттилоотӣ, 10 озмунҳои маърифатӣ -фарҳангӣ, 7 мизи мудаввар, 2 курсҳои омӯзишӣ, 10 семинар машварат, 16 чорабиниҳои фарҳангӣ, 3 гардишҳои профилактикии «Ахлоқ», 11 аксия, 28 чорабинии варзишӣ, 4 фестивал ва 160 гардишҳои маърифатӣ - иттилоотӣ дар самти пешгирии бегонапарастӣ, инчунин 42 маротиба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ ва паҳншавии сироятии коронавирус баргузор карда шуд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва варзиш дар давраи ҳисоботӣ 531 чорабинӣ бо фарогирии 104,9 ҳазор нафар, баҳри рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш 389 чорабинӣ бо фарогирии 163,9 ҳазор нафар, дар маҷмӯъ 920 чорабинӣ бо фарогирии 268,8 ҳазор нафар гузаронида шуд.

Дар шаҳри Душанбе 10 муассисаи давлатии «Мактабҳои махсуси варзишии захираҳои олимпӣ» мавҷуд буда, дар онҳо 184 нафар мураббиёни дорои дараҷа ва унвонҳои фахрию варзишии баландихтисос ба 4079 нафар варзишгарон дар 303 гурӯҳ машқу тамринҳоро ба роҳ монданд.

Дар ин давра дастпарварони мактабҳои болозикр дар як қатор мусобиқаҳои бонуфузи шаҳрию ҷумҳуриявӣ, байналмилалӣ, чемпионатҳои Осиёву Ҷаҳон, Ҷоми ҷаҳон, Ҷоми Осиё ва бозиҳои Осиё ширкат варзида, соҳиби 1175 адад медалҳо (тилло – 466 адад, нуқра – 328 адад ва биринҷӣ – 381 адад) гардиданд.

Сайёҳӣ - яке аз соҳаҳои муҳими муаррификунандаи давлату миллат, таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои мардумӣ ба шумор рафта, рушди он ба инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла соҳаҳои хизматрасониву маишӣ ва истеҳсолӣ мусоидат менамояд.

Тибқи назарсанҷиҳои Агентии иттилоотии «Турстат»-и Федератсияи Россия шаҳри Душанбе ба даҳгонаи шаҳрҳои амнтарини кишварҳои аъзои ИДМ ва ба даҳгонгаи беҳтарин шаҳри сайёҳат ва сафари шабона дар ҷашни Соли нави мелодии 2020 арзёбӣ гардидааст.

Дар шаҳри Душанбе фурудгоҳи байналмилалӣ, вокзали роҳи оҳан, 39 меҳмонхона, 75 тарабхона, 125 қаҳвахона, 16 маркази дилхушӣ,  157 ошхонаи миллӣ, 4 чойхонаи миллӣ, 17 боғи фарҳангиву фароғатӣ, 61 гулгашт, 3 кӯли шиноварию истироҳатӣ, 66 маркази савдо, 27 бозор, 23 ёдгориҳои бостонӣ, монументалӣ ва меъморӣ, 86 ширкати сайёҳӣ, 59 муассисаи табобатию профилактикӣ ва театру осорхонаҳо ҷойгир буда, ҳамарӯза талаботи меҳмонони дохиливу хориҷиро қонеъ гардонида истодаанд.

Ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, танзими анъана, ки барои баланд гардидани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти сокинони шаҳри Душанбе равона шудааст, яке аз самтҳои афзалиятноки мақомот маҳсуб мегардад.

Айни замон дар шаҳри Душанбе маҷмӯан 74 масҷид фаъолият доранд, аз ин шумора 19 масҷиди ҷомеъ, 55 масҷиди панҷвақта, инчунин 29 ташкилоти динии ғайриисломӣ амал мекунанд, ки ҳамаи онҳо фаъолияти худро дар феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, тибқи муқаррароти санадҳои амалкунанда ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» фаъолият менамоянд.

Дар ҳамкорӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ошкор ва пешгирӣ намудани қонуншиканиҳо 935 адад санҷишҳои муштарак дар ноҳияҳои пойтахт гузаронида шуд.

Аз тарафи комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, зимни гузаронидани санҷишҳо 30 ҳолати қонунвайронкунӣ ошкор гардида, нисбати онҳо  протоколи ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода, ба суд ирсол карда шуд.

Дар ин давра дар ҳудуди пойтахт маҷмӯан 1980 ҷашну маросимҳо, бо харҷи 7,6 миллион сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.

Бо мақсади расонидани кумакҳои хайриявӣ ба ятимону эҳтиёҷмандон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, дар доираи ҷашнҳои милливу давлатӣ бо риояи танзими анъана ва ҷашну маросим хатнасури 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат барпо карда шуд.

Таҳлили фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба ҳолати ҷинояткорӣ дар ин давра нишон медиҳад, ки шумораи умумии ҷиноятҳои бақайдгирифташуда, дар ҳудуди шаҳр ба 2608 адад баробар гардидааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 75 ҷиноят ё 3,0 фоиз зиёд мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе раванди иҷрои қарору супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар чорабиниҳоеро, ки бевосита ба таъмини рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр нигаронида шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дода, ҷиҳати татбиқи саривақтии онҳо дар оянда низ, чораҳои зарурӣ меандешад.

Дар ҷараёни нишаст роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба пурсишу суолҳои намояндагони васоити ахбори омма оид ба паҳлуҳои алоҳидаи фаъолияти шаҳрдорӣ ва нишондодҳои рушди иҷтимоӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи аввали соли 2020 ва вазифаҳо барои давраи минбаъда посух гуфтанд.

Илова кунед