ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №387 АЗ 28.07.2020

30 Июли 2020, Панҷшанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии қубури қутраш 1200 мм воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ 

Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 1200 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ ва муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» аз 20 июли соли 2020, №1/412 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Нақшаи чорабиниҳои замимагардида  оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 1200 мм, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ, ноҳияи Исмоили Сомонӣ тасдиқ карда шавад.
  2. Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар кӯчаҳои А.Мухторов, Камола, Нодира, Хуҷамбиёи боло, Хуҷамбиёи поён, Шафақи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои  Шодоб ва Арғувони ноҳияи Сино аз соати 22 00 рӯзи 3 август то соати 23 00 рӯзи 4 августи соли 2020 қатъ мегардад.
  3. Раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
  4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  6. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад.

                                                                  РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед