ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №406 АЗ 05.08.2020

06 Августи 2020, Панҷшанбе

Дар бораи ҳавасмандгардонӣ 

Бо мақсади таъмини иҷрои банди 32 нақшаи чорабиниҳои амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар «Қасри миллат» 28 апрели соли 2020 баён доштанд ва иҷрои сархати 1 банди 7  протоколи ҷаласаи назоратии назди Раиси шаҳри Душанбе аз 30 июни соли 2020, №28 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 18 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Беҳтарин шахсони мутасаддӣ оид ба нигоҳубини дарахтони аз хориҷи кишвар воридшуда, ки дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе шинонида шудаанд, муайян ва ҳавасманд карда шаванд.
  2. Ҳайати Комиссия, тартиб ва меъёри муайян намудани беҳтарин шахсони мутасаддӣ тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Комиссияи таъсисгардида фаъолияти худро тибқи тартиби тасдиқгардида ба роҳ монда, ғолибонро аз рӯи Нақшаи вобастакунӣ ва нигоҳубини дарахтони хориҷии дар кӯчаю хиёбонҳо ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе дар тирамоҳи соли 2019 ва баҳори соли 2020 шинонидашуда, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе санаи 21 майи соли 2020 тасдиқ карда шудааст, муайян намояд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати мукофотонидани ғолибон 66 000 (шасту шаш ҳазор) сомонӣ ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе барои ба ғолибон супоридани мукофоти пулӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
  6. Раёсати иттилоот ва робитаҳои ҳориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монад.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                    РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед