Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №432 АЗ 25.08.2020

26 Августи 2020, Чоршанбе

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе»          

  Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои  мусофирони воситаҳои нақлиёти мусофирбари коммуналӣ ва дар ин замина беҳтар гардонидани даромаднокии корхонаҳои нақлиётии пойтахт, бо назардошти хулосаи шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз 9 июли соли 2020, №191/1 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаҳои 20 ва 23 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Дар қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 19 феврали соли 2018, №101 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе» тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

- дар банди 1 қарори зикргардида сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«в) Тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона», инчунин арзиши он аз рӯи категорияҳо дар шакли зерин ҷорӣ карда шавад:

Тарофаи «Нимсола»-и категорияи:

- хонанда      

-

150,00 (яксаду панҷоҳ) сомонӣ;

- донишҷӯ     

-

200,00 (дусад) сомонӣ;

- шаҳрванд  

-

300,00 (сесад) сомонї.

Тарофаи «Солона»-и категорияи:

- хонанда      

-

200,00 (дусад) сомонӣ;

- донишҷӯ     

-

350,00 (сесаду панҷоҳ) сомонӣ;

- шаҳрванд

-

500,00 (панҷсад) сомонӣ.».

- аз сархати (а) банди 1 қарори зикргардида зербандҳои 4 ва 5 хориҷ карда шаванд.

  1. Дастрас намудани кортҳои пластикии дорои тарофаҳои «Нимсола» ва «Солона» ихтиёрӣ буда, бе назардошти пардохти фарқияти тариф аз ҳисоби буҷет роҳандозӣ карда шавад.
  2. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути васоити ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовинони Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. ва Саидзода Ф. вогузор карда шавад.

                                                                              РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Илова кунед