РАДДИЯ

30 Сентябри 2020, Чоршанбе

29 сентябри соли 2020 дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет маълумоти бардурӯғ ва ё бо истилоҳи имрӯза  “фейк” дар бораи вазъи саломатии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ паҳн карда шуд.

 Навиштан ва паҳн кардани чунин иттиллоти бардурӯғ дар бораи роҳбарияти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи интихоботи президентӣ яке аз усулҳои нопоки бадхоҳони кишвари мо мебошад. Ин иғвогарии барқасдона ба ноором кардани вазъи иҷтимоӣ ва сиёсии Тоҷикистон равона шудааст.

Мо бо тамоми масъулият изҳор медорем, ки маълумот дар бораи бемории эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ва табобати ӯ дар давлати Исроил ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ гуфта мешавад, ки гӯё мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ, соли 2019 ба давлати Исроил ташриф оварда, дар он ҷо ӯро ҷарроҳӣ карданд. Тавре ки шумо медонед, муҳтарам Рустами Эмомалӣ як шахсияти ҷамъиятӣ ва  шахси расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва аз ин рӯ  сафарҳои ӯ, бахусус ташрифҳои хориҷӣ,  ҳама вақт мавриди таваҷҷуҳи ВАО-и ватанӣ ва хориҷӣ аст. Агар муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар воқеъ соли 2019 ба давлати Исроил сафар мекард, пас ин иттилоот ҳанӯз дар соли 2019 дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ пайдо мешуд.

Аммо маҳз дар арафаи интихоботи президентӣ, ки 11 октябри соли 2020 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, дар  фазои иттилоотии интернет пайдошавии маълумоти бардурӯғ дар бораи сафари эҳтимолии Рустами Эмомалӣ ба давлати Исроил, худ далели он аст, ки он маълумоти  носаҳеҳ ва ғаразнок аст.

Мо расман изҳор менамоем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳеҷ гоҳ барои табобат ё мақсадҳои дигар ба давлати Исроил сафар накардааст.

Бояд қайд кард, ки Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ комилан солим ва нерӯманд  аст, ки онро баҳри ободонии шаҳри Душанбе ва умуман кишвар сарф мекунад. Ҷавонӣ, некбинӣ ва саломатии аъло ба ӯ имкон медиҳад, ки бори иловагиро бар дӯш гирад ва имрӯз ӯ вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ иҷро мекунад.

Аз ин рӯ, мо ба ҳамватани азиз муроҷиат намуда, даъват менамоем, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба иғвоҳои бадхоҳони Ватанамон дода нашаванд.

Илова кунед