Тоҷикӣ

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»: ОҒОЗИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУН

20 Октябри 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 20.10.2020. Имрӯз бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 13 апрели соли 2020, №251 тасдиқ шудааст, ба кори худ ифтитоҳ бахшид.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020, №АП-1339 миёни тарбиятгирандагону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабиву миёнаи умумӣ ва  донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ гузаронида мешавад.

Дар даври шаҳрии озмун ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт - Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ  ва Шоҳмансур дар панҷ номинатсия иштирок мекунанд.

Тазаккур бояд дод, ки даври ноҳиявии озмун бо рақобати солими иштирокчиёни он ҷамъбаст гардида, барои иштирок дар даври шаҳрии он 170 нафар довталабон роҳхат гирифтаанд.

Дар рӯзи аввали даври шаҳрии озмун 32 нафар довталабон аз ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи номинатсияҳои “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик”,  “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик”, “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон” ва номинатсияи “шоирӣ” байни худ рақобат намуда, ба ҳайати ҳакамон истеъдоди худро муаррифӣ намуданд.

Лозим ба зикр аст, ки даври шаҳрии озмуни мазкур аз 20 то 23-юми октябри соли 2020 дар толори Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе" бо иштироки ҳайати васеи ҳакамон иборат аз мутахассисону коршиносони варзидаи бахши назму наср, шоирону нависандагон ва аҳли қаламу адаб гузаронида мешавад.

Ғолибони озмун  бо мукофотпулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ниҳоӣ, яъне даври ҷумҳуриявии озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”  мегарданд.

Илова кунед