РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ОҒОЗИ МАВСИМИ САБЗКОРИВУ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ ЗАМИНА ГУЗОШТАНД

10 Ноябри 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 10.11.2020. Имрӯз дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе мавсими нави сабзкориву ниҳолшинонӣ ба таври оммавӣ шурӯъ гардид.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шинондани аввалин ниҳол дар хиёбони ба номи Садриддин Айнии пойтахт ба ин  маъракаи кабудизоркуниву ободонӣ оғози расмӣ бахшиданд.

Чуноне ба Раиси шаҳр иттилоъ доданд, дар ду шафати хиёбони Садриддин Айнии шаҳри Душанбе беш аз 300 ниҳоли дарахтони магнолия шинонида мешавад, ки ба шукӯҳи шаҳр шаҳомати тоза зам хоҳад кард.

Дар маҷмуъ, ин мавсим тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҳудуди шаҳри Душанбе беш аз 100 ҳазор бех дарахтони сояафкану ороишӣ ва зиёда аз 10 миллион адад гулҳои мавсимиву бисёрсола, аз ҷумла 3,5 миллион дона  гулҳои лола шинонда ва парвариш меёбад.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ баробари оғоз намудани мавсими ниҳолшинонӣ масъулинро ба вусъат бахшидани маъракаи ободониву сабзухуррамгардонӣ дар ҳудуди пойтахт даъват намуданд.

Дар ин замина таваҷҷуҳи махсус ба интихоби навъҳои дарахту буттаҳо бо назардошти хусусиятҳои зебоибахшиашон ба шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ва албатта риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ равона гардид. Зеро риояи ин қоидаҳо асоси нашъунамои хуби минбаъдаи дарахтон мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки муроҷиати Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, бобати ба "шаҳри сабз" табдил додани шаҳри Душанбе, ки зимни баргузории иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум садо дод,  ҳамчун пешниҳоди ҷолиб дар таъмини муҳити тозаи экологӣ миёни аҳли ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ба миён овард.

Дар ин радиф аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод гардид, ки  ҳар як оилаи сокини пойтахт дар мавсими ниҳолшинонӣ дар назди манзили зисташон лоақал як дарахти ҳамешасабз шинонда, онро парвариш намоянд.

Раиси шаҳр иқдоми мазкурро саҳмгузорӣ дар ободонии пойтахти мамлакат арзёбӣ намуда, онро барои  насли наврас намунаи ибрат ва омили дӯст доштани табиат, макони зист  ва сарзамини аҷдодӣ маънидод карданд.

Ин аст, ки ҳоло  аксар сокинони пойтахт бо нишони ҷонибдорӣ аз ин иқдоми роҳбарияти шаҳри Душанбе дар назди ҳавлӣ, атрофи биноҳои истиқоматӣ, корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ба шинондани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шурӯъ намудаанд.

Шинонидани дарахт ва бунёди боғу гулгаштҳо, ба авзои экологӣ таъсири амиқи худро гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

Бо ишора ба ин метавон гуфт, ки бо пайравию дастгирии амиқ аз ин пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати вусъат бахшидани маъракаи ниҳолшинонию сабзкорӣ, дар  пойтахт муҳити тозаву муътадили экологӣ ба вуҷуд омада, шароити меҳнату фароғати аҳолии шаҳри Душанбе боз ҳам беҳтар мегардад.

Тазаккур бояд дод, ки шаҳри Душнабе дар партави дастуру супоришҳои бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  иқдомҳои созандаву  ободкоронаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои сарсабзу хуррам ва шукуфои олам табдил ёфтааст ва имрӯз аз ҷониби созмонҳои байналмилалии муҳити зист ба сифати яке  аз "шаҳрҳои сабз" ва сарсабзу хуррам ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи олам пазируфта шудааст. Бо дар амал татбиқ намудани пешниҳоди навбатии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати шинониду парвариши ҳарчи бештари дарахту буттаҳои ороишӣ,  ки мантиқан идомаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи ҳалли мушкилоти экологӣ ва беҳдошти муҳити зист арзёбӣ мешавад, шаҳри Душанбе ояндаи наздик воқеан ҳам  боз ҳам сарсабзу хуррам мегардад.

 

Илова кунед