ҶАМЪБАСТИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

13 Ноябри 2020, Ҷумъа

ш.Душанбе. 13.11.2020.   Имрӯз бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст!» баргузор гардид.

Дар фестивали мазкур  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва сардорони раёсатҳои шаҳри Душанбе, устодону донишҷӯён, варзишгарони маъруфи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе оид ба 4 намуди варзиш, аз ҷумла футбол, волейбол миёни бонувон, шоҳмот, ва гӯштини миллӣ баргузор гардид.

Тибқи натиҷаи холҳои бадастоварда дар мусобиқаи футбол Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон соҳиби ҷои якум, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҷои дуввум ва Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат сазовори зинаи сеюм гардиданд.

Дар мусобиқаи волейбол миёни бонувон Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат сазовори ҷои якум, Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон ҷои дуввум ва дастаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Сино соҳиби ҷойи сеюм шуданд.

Дар мусобиқаи гӯштини миллӣ Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов бо 4 медали тилло ва 1 нуқра ҷои якум, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо 1 медали тилло, 1 нуқра ҷои дуюм ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо 3 медали биринҷӣ ҷои сеюмро касб карданд.

 Дар мусобиқаи шоҳмот Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов ҷои якум, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷои дуюм ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷои сеюмро гирифтанд.

Дар рақобати даставӣ аз рӯи медалҳои ба дастоварда мақоми аввал ба  Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ бо 5 медали тилло ва 1 нуқра дода шуд. Мақоми дуюм ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод 1 тилло ва 2 нуқра ва мақоми сеюм ба Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат бо  1 тилло ва 2 биринҷӣ дода шуд.

Тазаккур бояд дод, ки Фестивали мазкур бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки дар иҷлосияи дуюми маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баён намуданд, ташкил шуда, давоми 20 рӯз дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, олии касбӣ, миёнаи касбӣ, ибтидоии касбӣ ва маҳаллаҳои ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор гардидани Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе  самаранок истифода намудани иншооти соҳаи варзиш, махсусан майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакона, пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон ва наврасону ҷавонон ҷиҳати тозаву озода дар ҳолати коршоям нигоҳ доштани майдончаҳои мазкур, ташкили мусобиқаҳои дӯстона миёни ҷавонони маҳал ва хонандагону донишҷӯён ба шумор меравад.

Илова кунед