ГУЗАРОНИДАНИ ЧОРАБИНИҲОИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

19 Ноябри 2020, Панҷшанбе

ш.Душанбе. 19.11.2020. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба хуруҷи мавҷи дуюми бемории сироятии COVID–19 ва шиддат гирифтани буҳрони иқтисодиву молиявӣ дар ҷаҳон бо мақсади пешгирӣ аз интиқоли бемории мазкур ва эмин нигоҳ доштани саломатии сокинону меҳмонони пойтахт ҷиҳати иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сирояти COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор кард, ки танҳо дар ҳамин сол гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ, аз ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ, шабнишиниҳо ва дигар чорабиниҳои оммавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шавад.

Дар ин робита сайру гашти мардум дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгашту хиёбонҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятии шаҳр танҳо бо дарназардошти риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсиву ҷамъиятӣ, истифодаи ҳатмии ниқобҳои муҳофизатӣ ва риояи қатъии фосилаи иҷтимоӣ дар масофаи байниҳамдигарии аз 1,5 то 2 метр иҷозат дода мешавад.

Илова кунед