"ПАРЧАМ-РАМЗИ ҲУВИЯТ ВА ИТТИҲОДИ МИЛЛАТИ ТОҶИК":

24 Ноябри 2020, Сешанбе

ш.Душанбе 24.11.2020. Имрӯз ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таҳти унвони «Парчам-рамзи ҳуввият ва  иттиҳоди миллати тоҷик» ҷамъомад доир гардид.

Дар ҷамъомад роҳбарият ва кормандони дастгоҳи Раиси шаҳр, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокчиён оғоз гардида,  ба  он муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид ва табрикоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба самъи ҳозирин  расонд.

Тавре дар ҷараёни чорабинӣ таъкид гардид, парчами давлатӣ  нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон ба шумор меравад.

Парчам ва ойини парчамдорӣ дар миёни мардуми куҳанбунёду тамаддунсози мо мақоми шоиста дошта, ҷузъи муҳимми фарҳанги давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. 

Бо дарназардошти муҳиммияти суннати парчамдорӣ баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар раванди ташаккули низоми давлатдории муосир баробар бо қабули Конститутсия ва дигар рамзҳои давлатӣ парчами кишвар ҳамчун нишонаи ҳастӣ ва пойдории давлатдории миллӣ қабул гардид.

Гузаштагони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳуввияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоя кардаанд. Яъне парчами давлатӣ барои мо як пораи одии матоъ набуда, балки дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар таҷассум гардидааст.

28 сол муқаддам, 24 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳо Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид ва минбаъд ин сана ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

Дар ин раванд, соли 2009 ба нишони эҳтирому арҷгузорӣ ба ин рамзи  нангу номуси ватандорӣ Парчами давлатии Тоҷикистон дар пояи баландтарин афрохта шуд, ки имрӯз мояи ифтихори ҳар як шаҳрванди бонангу номус буда, майдони ҷойгиршавии он макони дӯстдоштаи сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе гардидааст. 

Зимни баромади хеш маърӯзачиён таъкид доштанд, ки ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлол парчами миллии мо имрӯз дорои се ранг аст: сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландӣ, хуррамӣ ва абадият мебошад.

Воқеан, парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, 24-уми ноябри ҳар сол Рӯзи парчам бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Сокинони шарафманди пойтахти азизамон-шаҳри Душанбе, бахусус насли ҷавону ояндасоз сиёсати бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, хуб дарк кардаанд, ки эҳтироми Парчами давлатӣ маънои арҷгузориву ифтихор ба давлат, ба гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон буда, омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад.

Дар зарфи бисту нӯҳ соли истиқлолият бо саъю талоши ватандӯстонаи кулли мардуми шарафманди тоҷик ва бахусус Аосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойдевори устувори давлатдории миллӣ гузошта шуд. Ва минбаъд низ зери Парчами давлатӣ ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти ин сарзамин таъмин гардида, барои халқи азизи Тоҷикистон зиндагии пурсаодат фароҳам оварда мешавад.

Лозим ба таъкид аст, ки ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо  чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуда истодааст.

 

 

Илова кунед