ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО МУОВИНИ РАИСИ ҲУКУМАТИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

25 Ноябри 2020, Чоршанбе

25.11.2020. Имрӯз дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва рӯзи 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд, баланд арзёбӣ карданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл намуда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои   муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуд.

Бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ Думаи давлатӣ масъалаи то 700 нафар  расонидани  шумораи квотаи донишҷӯёни тоҷик ва маблағгузории онро аз буҷети соли 2021-и Федератсияи Россия  дастгирӣ ва ҷонибдорӣ кард.

Дар ин робита таъкид гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Федератсияи Россия ғайриқонунӣ будубош доранд, метавонанд то 15 декабри соли 2020 дар мақомоти дахлдори ин кишвар, аз нав ба қайд гирифта шаванд.

Думаи давлатӣ ҳамчунин пешниҳодро дар бораи бо нафақа таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо патент ва дигар санадҳои зарурӣ дар ҳудуди Федератсияи Россия кор мекунанд, қобили қабул ва дастгирӣ маънидод кард.

Бо пешниҳоди муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни мулоқот масъалаи ба Федератсияи Россия ҳар чӣ зутдар бозгаштани донишҷӯёни тоҷик ҷиҳати идома додани таҳсил, ки бинобар маҳдудияти марбут ба бемории сироятии COVID-19 барои идомаи машғулиятҳо сари вақт ҳозир шуда натавонистанд, баррасӣ гардид ва дар  ин робита барқарор кардани  хатсайрҳои ҳавоии мунтазам байни  ду давлат махсуан таъкид  карда шуд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо   ба эътидол омадани  вазъи эпидемиявӣ   вобаста ба паҳншавии бемории сироятии  ба COVID-         19 маҳдудият аз байн бардошта шуда, парвозҳои байналмилали байни шаҳрҳои Тоҷикистон ва шаҳрҳои Россия барқарор карда мешаванд.

Илова кунед