Тоҷикӣ

ВОХӮРИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ДУМАИ ДАВЛАТИИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

25 Ноябри 2020, Чоршанбе

Дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Москва рӯзи 25 ноябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков мулоқот анҷом доданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Россия, бахусус дар самти робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Иштирокчиёни музокирот натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россияро (моҳи апрели соли 2019), ки дар ҷараёни он як силсила санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расида буд, баланд арзёбӣ карданд.

Ҷонибҳо ба масъалаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилаи судманд дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёт таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Тавре тазаккур дода  шуд, парламентҳои ду кишвар саҳми арзандаи худро дар таҳкими робитаҳои шарикии стратегии байни Тоҷикистону Россия мегузоранд, ки ин дар шаклҳои нави ҳамкориҳои байниминтақавӣ бараъло эҳсос мешавад. Имрӯз беш аз 80 минтақаҳои Россия бо Тоҷикистон ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ мондаанд. Вале дар ин самт ҳоло иқтидорҳои  зиёди истифоданашуда мавҷуд мебошад.

Дар ин робита барои тавсеаи ҳамкориҳои судманд, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак дар заминаи ашёи маҳаллӣ бо истифодаи технологияи Россия ва содироти минбаъдаи он ба бозорҳои ин кишвар имкониятҳои фарох фароҳам гардидааст.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи ҳамкориҳои гуманитарӣ ва иҷтимоии дуҷониба дахл намуда, таваҷҷуҳи ҷониби Россияро ба масъалаҳои   муҳоҷирати меҳнатӣ, ки яке аз мавзӯъҳои мубрами равобити дуҷониба маҳсуб меёбад, ҷалб намуд.

Тавре зикр гардид, паҳншавии пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон дар фаъолияти муҳоҷирони меҳнатӣ баъзе маҳдудиятҳоро ба миён овард.

Дар ин робита таъкид гардид, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шурӯъ аз моҳи марти соли равон дар қаламрави Федератсияи Россия қонунӣ будубош доранд ва бинобар маҳдудиятҳои беҳдоштӣ ва эпидемиологӣ дар он кишвар дармондаанд, ҳуқуқ доранд, то 15 декабри соли 2020 ба мақомоти дахлдори Россия муроҷиат намоянд ва иқомати худро ройгон, бо қонунӣ гардонидани ҳуҷҷатҳои бақайдгирӣ ва патент ба муҳлати зарурӣ, тамдид кунанд.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки ояндаи наздик бо тағйирёбии вазъ маҳдудиятҳои марбут ба COVID-19 аз байн бардошта мешаванд.

Илова кунед