Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРО ВА ҶАЛАСАИ 13-УМИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛАМЕНТИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ

30 Ноябри 2020, Душанбе

ш.Душанбе. 30.11.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва ҷаласаи 13-уми пленарии Ассамблеяи мазкур, ки дар шакли видеоконференсия сурат гирифт, ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни кори ҷаласаҳои зикршуда дар қатори масъалаҳои ташкилӣ натиҷаҳои корҳо оид ба амалигардонии афзалиятҳои раёсати Федератсияи Россия дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2020, вазъият дар минтақаи зери масъулияти Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва чораҳои муқовимат ба таҳдиду хатарҳо ба амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи санадҳои қонунгузории намунавӣ ва тавсияҳо оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, ҷараёни имплементатсияи меъёрҳои санадҳои қонунгузории намунавӣ дар қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, лоиҳаи Барномаи фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  оид ба наздикшавӣ ва ҳамгироии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои солҳои 2021-2025 ва дигар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ намуда, бо дарназардошти Раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021 пешниҳод карданд, ки ҷаласаи навбатии Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ нимсолаи якуми соли 2021 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шавад.

Иштирокчиёни ҷаласа пешниҳодро якдилона қабул карданд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Илова кунед