ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №613 АЗ 30.11.2020

01 Декабри 2020, Сешанбе

Дар  бораи  тасдиқи ҷадвали  навбатдории шабонаи роҳбарияти  мақомоти  иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе ва ноҳияҳои он

Бо мақсади таъмини фаъолияти мунтазами соҳаҳои ҳаётан муҳими хоҷагидорӣ дар шаҳр, мусоидат намудан барои  ҳалли саривақтии муроҷиатҳо  ва мушкилоти шаҳрвандон дар давраи зимистони  солҳои 2020-2021  мутобиқи ба моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ»

 Қ А Р О Р      М Е К У Н А М :

      1.Ҷадвали навбатдории шабонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он дар давраи зимистони солҳои 2020-2021 тибқи замима тасдиқ карда шавад.

     2.Директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе», Муассисаи давлатии «Шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе», Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе», Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе ва дигар сохторҳои дахлдори шаҳрӣ ҷиҳати ташкили навбатдории шабона аз ҳисоби кормандон тадбирҳо андешида, вобаста ба хизматрасониҳои коммуналӣ, таъмин намудан бо об, энергияи  барқу гармидиҳӣ ва дигар  ҳолатҳои фавқулода  чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

     3.Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи  Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми  Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» тавассути  воситаҳои  ахбори омма, сомона ва расонаҳои хабарии электронӣ муҳтавои қарори мазкурро ба сокинони шаҳри Душанбе расонанд.

     4.Назорати таъмини иҷрои  қарори мазкур   ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                       Рустами   Эмомалӣ                                                   

Илова кунед