Тоҷикӣ

ОҒОЗИ КОРҲОИ БУНЁДӢ ДАР СОХТМОНИ РОҲИ АВТОМОБИЛГАРД АЗ ДАРВОЗАИ ҒАРБӢ ТО МАҲАЛЛАИ ЧОРТУТ

01 Декабри 2020, Сешанбе

ш.Душанбе. 01.12.2020. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут расман оғоз бахшида шуд.

Намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон, ки зимни оғози корҳо дар иншоот ҳузур доштанд, руйдоди мазкурро намунаи барҷастаи таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар самтҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатбахш арзёбӣ карданд.  

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳанӯз моҳи июли соли 2019 ба бунёди роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут заминагузорӣ карда буданд.

Маврид ба зикр аст, ки иншоот аз 9,2 километр роҳи автомобилгарди ҷавобгӯйи стандартҳои байналмилалӣ иборат буда, бо бунёди он мушкилоти зиёди мусофирону ронандагон ҳалли худро пайдо менамояд.

Тавре дар ҷараёни муарифии лоиҳа иттилоъ дода шуд, роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут тибқи нақша дар се марҳила бунёд мешавад. Марҳилаи аввал аз Дарвозаи Ғарбӣ то роҳи автомобилгарди Айнӣ, бо дарозии 4,2 км,  марҳилаи дуюм аз роҳи автомобилгарди Айнӣ то роҳи автомобилгарди Шарора бо дарозии 3,2 км ва марҳилаи сеюм аз роҳи автомобилгарди Шарора то пайваст ба кӯчаи Раҳмон Набиеви маҳаллаи Чортут бо дарозии 1,88 км-ро дар бар мегирад.

Паҳноии роҳ аз 40 метр иборат буда,  8 хати ҳаракат дар ду самт, пиёдароҳҳо, як адад пул дар болои канали калони Ҳисор ва як гузаргоҳи роҳи оҳан, 2 адад гардишҳои нақлиётӣ, чароғакҳои роҳнамо дар ду қитъа, аломатҳои бехатарии роҳ, хати кабудизор, дарахту буттаҳои ороишию сояафкан дар ду тараф унсурҳои асосии роҳро ташкил медиҳанд.

Иншоот дар доираи ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистону Ҳиндустон бо харҷи 46,5 миллион доллари ИМА сохта мешавад.

Намояндагони шаҳрдорӣ аснои шиносоӣ бо лоиҳа ва сӯҳбат бо намоядагони Ҷумҳурии Ҳиндустон изҳор доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои гуногуни инфрасохтори мунисипалӣ, аз ҷумла масъалаҳои роҳсозӣ як қатор лоиҳаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст.

Лоиҳаи «Сохтмони роҳи автомобилгард аз Дарвозаи Ғарбӣ то маҳаллаи Чортут» яке аз тарҳҳои самарабахши ҳамкорӣ байни шаҳрдорӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон маҳсуб меёбад, ки марҳилаи аавали он расман шуруъ гардид.

 

Илова кунед