Тоҷикӣ

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ: ВОХӮРӢ БО ВАЗИРИ ВАРЗИШ, РАИСИ КУМИТАИ ОЛИМПИИ АРАБИСТОНИ САУДӢ, ПРЕЗИДЕНТИ РИЁЗ- 2030 АБДУЛАЗИЗ БИН ТУРКӢ АЛ-ФАЙСАЛ

09 Декабри 2020, Чоршанбе

ш.Душанбе. 09.12.2020. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо  Вазири варзиш, Раиси кумитаи олимпии Арабистони Саудӣ, Президенти Риёз - 2030 ҷаноби Абдулазиз бин Туркӣ Ал-Файсал, ки дар кишвари мо бо сафари корӣ меҳмон мебошанд, мулоқот карданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ба вусъати ҳамкориҳо байни сохторҳои варзишии ду кишвар, аз ҷумла байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати варзиши Арабистони Саудӣ, инчунин кумитаҳои миллии олимпӣ ва федератсияҳои футболи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ таваҷчуҳи хос зоҳир намуданд.

Дар рафти музокирот атрофи масъалаҳои марбут ба баргузории Бозиҳои Олимпии Осиё дар соли 2030 дар Арабистони Саудӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Иштирокчиёни мулоқот, инчунин ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷчуҳи тарафайн мароқ зоҳир намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кунед