ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНҲОИ КАСБИИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Январи 2021, Чоршанбе

ш.Душанбе. 06.01.2021. Бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе  аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Омӯзгори сол”, “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” моҳи октябри соли 2020 дар даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2020” аз 13 фанни таълимӣ, аз ҷумла синфҳои ибтидоӣ, таърих ва ҳуқуқ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, забони хориҷӣ, математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, технология  (таълими меҳнат) дар ноҳияи Сино 263 нафар, И.Сомонӣ 162 нафар, Шоҳмансур 253 нафар, Фирдавсӣ 175 нафар дар маҷмӯъ 853 нафар омӯзгор, “Хонандаи сол-2020” дар ноҳияи Сино 27 нафар, Шоҳмансур 22 нафар, И.Сомонӣ 20 нафар, Фирдавсӣ 21 нафар дар маҷмӯъ 90 нафар хонанда ва “Мураббии сол-2020” дар ноҳияи И.Сомонӣ 9 нафар, Шоҳмансур 9 нафар, Фирдавсӣ 11 нафар ва Сино 26 нафар дар маҷмӯъ 55 нафар мураббӣ  иштирок намуданд.

Рӯзҳои 10-12 декабри соли 2020 дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ноҳиявии озмуни “Мураббии сол-2020 ” ба Комиссияи шаҳрии озмун бо иштироки 4 нафар довталаб: мураббиёни муассисаҳои таҳсилоти томактабии    №152-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло, №159-и ноҳияи Шоҳмансур Ғуломалиева Заррина, №132-и ноҳияи Фирдавсӣ   Бодурова Зебо, №17-и  ноҳияи И.Сомонӣ Бобоҷонова Фарангиз даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол-2020” баргузор гардид.

Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Мураббии сол-2020” аз ҷониби ҳакамони шаҳрӣ мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло бо ба даст овардани 44,1 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд.

14-16 декабри соли 2020 дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ноҳиявии озмуни “Омӯзгори сол-2020” ба Комиссияи шаҳрии озмун бо иштироки  4 нафар довталаб: омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №93-и ноҳияи Сино  Сафарова Малика, Муассисаи таълимии давлатии Гимназияи №2 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи Шоҳмансур Алматова Гулбаҳор, Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе аз ноҳияи И. Сомонӣ Зумратов Азизбек, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ-гимназияи №74-и ноҳияи Фирдавсӣ  Эргашева Нигора даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори  сол-2020” баргузор гардид.

Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Омӯзгори сол-2020” аз ҷониби ҳакамони шаҳрӣ омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек бо ба даст овардани 40,8 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд.

17-18 декабри соли 2020 дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи комиссияҳои ноҳиявии озмуни “Хонандаи сол-2020” ба Комиссияи шаҳрии озмун бо иштироки  4 нафар довталаб: хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №87-и ноҳияи Сино - Юсупов Камол, №35-и ноҳияи Шоҳмансур- Носиралиев Ифтихор, №52-и аз ноҳияи И. Сомонӣ  Сумая Абдулфаёзиддин,  №42-и ноҳияи Фирдавсӣ  Турсунзода Арасту даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол-2020” баргузор гардид.

Баъди баҳодиҳӣ ба донишҳои назариявӣ ва амалии довталабони озмуни “Хонандаи сол-2020” аз ҷониби ҳакамони шаҳрӣ хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин бо ба даст овардани 81 хол ғолиби даври шаҳрии озмун дониста шуд.

Ҳамзамон, ғолиби даври шаҳрии озмунҳои “Мураббии сол-2020” - мураббии муассисаи таҳсилоти  томактабии №132-и ноҳияи Сино Неъматзода Шаҳло,  “Омӯзгори сол”- омӯзгори фанни химияи Муассисаи таълимии давлатии Литсейи №3  барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Зумратов Азизбек ва “Хонандаи сол - 2020” - хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и ноҳияи И.Сомонӣ Сумая Абдулфаёзиддин  барои иштирок дар даври ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.

 

 

 

Илова кунед