ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ ТРОЛЛЕЙБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

13 Январи 2021, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурўъ аз 18-уми январи соли 2021 хатсайри нави троллейбусии №2 «Маҳаллаи Зарафшон - Фурудгоҳ» ба фаъолият оғоз менамояд.

Троллейбусҳо тавассути хиёбону кўчаҳои Нусратулло Махсум, Исмоили Сомонӣ, Рудакӣ, Айнӣ ва Аҳмади Дониш ҳаракат менамоянд.

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед