ДАР ПАРТАВИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ
04 Феврали 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 4.02.2021. Имрўзҳо, бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 26 январи соли 2021 ироа гардида буд, дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт мулоқоту вохўриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳо баргузор гардида истодааст.
Санаи 4 феврали соли 2021 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» бо иштироки муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва роҳбарону масъулини сохторҳои мухталифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мулоқот доир гардид.
Роҳбарони гурӯҳи таблиғотӣ роҷеъ ба ҳадафу моҳияти аслии Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла изҳор доштанд, ки Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати роҳнамои фардои миллат дар байни сокинони кишвар ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо намудааст.
Зикр гардид, ки Паёми навбатии Пешвои миллат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ - сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод гардид ва дар бораи тараққиёту пешрафти соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илму фарҳанг ва сиёсати дохилию хориҷии мамлакат ва вазифаҳои минбаъдаи давлату ҳукумати кишвар барои як сол ва солҳои оянда мушаххасан ибрози назар карда шуд.
Вохўриҳо дар сатҳи баланд доир гардида, то санаи 16 - уми феврали соли равон ҷараён хоҳанд гирифт.