ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №62 АЗ 08.02.2021

08 Феврали 2021, Душанбе

Дар бораи эълон намудани озмун барои  ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар дастгоҳи Раиси шаҳри  Душанбе  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Душанбе

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 2016, №647 тасдиқ гардидааст,

Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

  1. Барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе озмун эълон карда шавад (замима мегардад).
  2. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси ба тасвиб расидани қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
  3. Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фаъолияти худро тибқи  тартиби муқарраргардида ба роҳ монад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи раиси Комиссия оид ба гузаронидани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вогузор карда шавад.

 

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ 

 

 

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии зерини хизмати давлатӣ озмун эълон менамояд

 

а) дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

     1. Сармутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1249 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

    2. Сармутахассиси шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 2-ҷой:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, журналистӣ   ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1249 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

    3. Мутахассиси пешбари шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи муносибатҳои байналхалқӣ, журналистӣ   ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ)

    4. Мутахассиси пешбари шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

    5. Мутахассиси Раёсати сохтмон ва хизматрасониҳои коммуналии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сохтмонӣ-муҳандисӣ, сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб ба сохтмон;

- донистани соҳаи сохтмон, меъморӣ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 800  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

б)  сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии

шаҳри Душанбе

   6. Мудири бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии тиббии педиатрӣ касбии соҳаи тиб ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мудири бахшро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1308  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

   7. Сармутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (ҳуқуқшинос):

           Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-  таҳсилоти олии касбии соҳаи ҳуқуқшиносӣ;

-  2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани ҳуқуқ, таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1249 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

   8. Сармутахассиси бахши хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии тиббии педиатрӣ касбии соҳаи тиб ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси  бахшро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1249 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

   9. Сармутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (оид ба корҳои муолиҷавӣ):

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии тиббии муолиҷавӣ касбии соҳаи тиб ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии сармутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 1187  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

  10. Мутахассиси пешбари Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи сармоягузорӣ, иқтисодӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- донистани соҳаи сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисодиёт, муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

  11. Мутахассиси пешбари Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

  Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

таҳсилоти олии касбии соҳаи фаъолияти фарҳанг, актёр, ҳунарпешаи драма ва кино, психологӣ, илмҳои гуманитарӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- қобилияти таҳлил ва арзёбии фаъолияти соҳаҳои фарҳанг, донистани таърих, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

  12. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи туризм, туризми байналхалқӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ;

-донистани забонҳои хориҷӣ, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси пешбари шуъбаро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

  13. Мутахассиси Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе (оид ба корҳои муолиҷавӣ):

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

- таҳсилоти олии тиббии муолиҷавӣ касбии соҳаи тиб ва дигар ихтисосҳои муносиб;

- донистани таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассисии  Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 973 сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

  14. Мутахассиси Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе:

Талаботи тахассусӣ барои довталабон:

-таҳсилоти олии касбии соҳаи иқтисодӣ, сармоягузорӣ, молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дигар ихтисосҳои муносиб;

-пешбурди муҳосибот, донистани муҳосибот, риёзиёт, таърих, фарҳанг, муқаддасоти миллӣ, забони давлатӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки иҷрои уҳдадориҳои мансабии мутахассиси Раёсатро ба танзим медарорад.

Маоши мансабӣ 800  сомонӣ (тибқи Ҷадвали ягонаи тарифӣ).

 

Довталабон метавонанд бо маълумоти иловагӣ ва дигар талаботи тахассусии мансабҳои мазкур дар сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе (www.dushanbe.tj)  шинос шаванд.

Аз довталабон ҳуҷҷатҳои зерин талаб карда мешавад:

- аризаи шахсӣ ба унвони Раиси шаҳри Душанбе;

- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 3х4);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

- маълумотнома дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038УЕ);

- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;

- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молу мулкии худ;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);

- маълумотнома (резюме).

 

Ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи тартиби муқарраргардида дар муҳлати 21 рўз баъди чопи аввалини эълон дар шакли хаттӣ ё электронӣ қабул карда мешаванд.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, индекс: 734023, телефон: 221-35-68, почтаи электронӣ: dushanbe80@yahoo.com, сомонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе   www.dushanbe.tj

 

 

                                      

 

                  

 

 

 

Илова кунед