Тоҷикӣ

ПАЁМ - ҲУҶҶАТИ РАҲНАМОСОЗ!

08 Феврали 2021, Душанбе

Ҳамзамон, худи ҳамин рўз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳайате, ки ба он муовини Раиси шаҳри Душанбе У. Гуреззода роҳбарӣ менамоянд, бо иштироки мудири шуъбаи иттилооти Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - Ҷ.Олимов, сардори Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе - А.Саидмуъминзода, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе - Ш. Раҳимзода, сармуҳаррири рўзномаи «Паёми Душанбе» Ш. Ҳусейнзода бо сокинону кормандон ва хизматчиёни корхонаву муассисаҳои ин ноҳия мулоқоти самимӣ баргузор гардид. Масъулин ва ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ пиромуни ҳадафу моҳияти Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми шарифи мамлакат дар ҳоле ироа гардид, ки тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва мардуми шарифи кишвар барои сазовор истиқбол намудани сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд.

Илова кунед