Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №68 АЗ 09.02.2021

09 Феврали 2021, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2020, №АП-1332, барқияи  Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2021, №03 ва мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ: 

  1. Ҳайати Комиссияи шаҳрӣ оид ба «Озмуни дастархонороӣ» дар шаҳри Душанбе тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.
  2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани «Озмуни дастархонороӣ» дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.
  3. Даврҳои якум ва дуюми озмун тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни дастархонороӣ, ки бо фармоиши раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2019, №1 тасдиқ шудааст, ташкилу баргузор карда шавад.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе маблағи 13290 (сездаҳ ҳазору дусаду навад) сомониро тибқи замимаи 2 ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе пардохти саривақтии маблағи ҷудошударо тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рўзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба роҳ монанд.
  7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед