ЭЪЛОНИ НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15 Феврали 2021, Душанбе

  ЭЪЛОН: Тибқи Нақшаи тасдиқгардида оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти соли 2020 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиситон аз 15 сентябри соли 2011 №АП-1729, санаҳои 16-17 феврали соли 2021 соатҳои 09:00-14:00 дар толорҳои ноҳияҳо, нишасти матбуотии ноҳияҳои шаҳри Душанбе тариқи зайл баргузор мегарданд:

  1. Ноҳияи Шоҳмансур 16.02.2021, соати 09:00
  2. Ноҳияи И. Сомонӣ 17.02.2021, соати 09:00
  3. Ноҳияи Сино 16.02.2021, соати 14:00
  4. Ноҳияи Фирдавсӣ 17.02.2021, соати 14:00

Ташрифи намояндагони васоити ахбори оммаро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти қонунгузорӣ ба қайд гирифта шудаанд, интизорем.

Телефон барои маълумот:     221-45-14

Илова кунед