Тоҷикӣ

НИШАСТИ МАТБУОТИИ НОҲИЯИ ШОҲМАНСУРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Феврали 2021, Сешанбе

Санаи 16 – уми феврал дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид. Бино ба иттилои раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи номбурда дар доираи сиёсати бунёдкоронаю созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иқдому амалҳои хубу шоистаро ба сомон расонд. Таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ободонию хуррамгардонии маҳаллу кўчаҳо ва беҳбудии зиндагии мардум, албатта амалҳои солеҳу шоистаанд.
Бад-ин маънӣ, соҳаҳои саноат, нақлиёт, молия, маорифу тандурустӣ, фарҳангу варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ва фаъолияти ҷавонон ҳамеша дар мадди назаранд. Оилаҳои бесаробон ва ниёзманд доимо ба ғамхорӣ ва кумак фаро гирифта шудаанд. Ба рушди сайёҳӣ ва ҳунармандӣ мудом эътибори баланд дода мешавад. Соҳаи манзилӣ-коммуналӣ низ хеле самарабор фаъолият бурда, тозагӣ ва покизагии муҳити атроф, манзили зист ва ҷойҳои ҷамъиятӣ риоя мегардад. Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ҳамеша санҷишҳо гузаронида, талаботи беҳдошти санитарӣ-тозагиро таъкид менамояд.
Аксияи экологии “Тозагии маҳал” самараи матлуб дод. Лоиқи зикр аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра амалӣ мегардад, яъне ҷавонони қобилиятманд пайваста дастгирӣ меёбанд. Ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Дар озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» наврасону ҷавонон, сокинон ва намояндагони касбу кори мухталифи ноҳияи мо ба таври фаъолона ширкат варзида, дар ин озмун дар байни чаҳор навоҳии пойтахт ҷойи аввалро ноил гардиданд. Дар нишаст журналистон ба тамоми суолҳои хеш посухҳои муносиб ва қаноатмандкунанда гирифтанд.

Илова кунед