МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ АФСАРОНУ САРБОЗОНИ ПОЙТАХТ ТАҲТИ УНВОНИ “БАРОИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАМ СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНАМ”

17 Феврали 2021, Чоршанбе

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Фестивали дустии афсарону сарбозони пойтахт таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам” дар қисмҳои низомию ҳарбии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Маросими кушодашавии Фестивал дар саҳни Гвардияи миллӣ баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода Умед, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Вазири мудофиаи мамлакат, намояндагони роҳбарони воҳидҳои сохтории шаҳри Душанбе ва беш аз 700 нафар афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватию то даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Чорабинии мазкур бо ба намоиш гузоштани тамоми дастовардҳои ҳарбию низомии ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи ҳудуди пойтахт, баргузор гардид. Маврид ба зикр аст, ки фестивал аз 4 қисмати асосӣ иборат буда, қисми аввал-маросими ифтитоҳӣ, қисмҳои дуюму сеюмро мусобиқаҳо аз рўи намудҳои варзишии футболи хурд, волейбол, шоҳмот, гўштини миллӣ ва варзиши сабук дар 2 марҳила, қисмати 4-ум маросими чамъбастӣ бо ташкили барномаи рангини фарҳангӣ дар доираи Фестивали гулчини сурудҳои ватандўстонаи «Суруди сарбоз» бо ҷоизасупории дастаҳои ғолиб барогузор хоҳад гашт. Дар фарҷом ғолибони мусобиқаҳо бо Чом, медал ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз хоҳанд гашт.

 

 

 

 

 

 

 

 

Илова кунед