КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ: "ДАСТОВАРДҲОИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАР НИЗОМИ ҲАРБИИ КИШВАР: ҲОЛАТ ВА ДУРНАМО"

20 Феврали 2021, Шанбе

Душанбе. 20.02.2021. Имрӯз дар Кохи афсарони шаҳри Душанбе, бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Конфроси илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Дастовардҳои даврони Истиқлолият дар низоми ҳарбии кишвар: ҳолат ва дурнамо», доир гардид.
Дар оғози чорабинии мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода суханронӣ намуда, иброз иброз доштанд, ки: Қувваҳои Мусаллаҳ як ҷузъи муҳими давлат ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали соҳибиситиқлолӣ дар қатори дигар соҳаҳо роҳбарияти олии мамлакат ба таъсису бунёди он диққати махсус зоҳир намуданд ва дар фазои сиёсии солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ва ҳукумати кишвар маҳсуб меёфт.
Воқеан таъсис ёфтани Қувваҳои Мусаллаҳ дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мавқеи хоса дорад. Зеро Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ, кафили соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ, нерӯи таъминкунандаи амнияту субот ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ ба ҳисоб меравад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсии кишвар ба масъалаи сиёсати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вазифаҳои минбаъдаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро муайян намуданд.
Аз ҷумла, Пешвои миллат барои таҳия ва роҳандозии барномаҳои давлатӣ оид ба рушди саноати мудофиавии кишвар, тақвият бахшидан ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ дар самти истеҳсоли амволи махсус ва таъмири техникаи ҳарбӣ, тақвияти кор бо захираҳои сафарбарии ҳайати эҳтиётӣ, баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ, гузаронидани ҷамъомадҳои ҳарбӣ, таълими саҳроӣ ва машқҳои низомӣ бо истифода аз тарзу усулҳои муосир ва боз масъалаҳои дигар Вазорати мудофиаро вазифадор намуданд, ки айни замон мавриди иҷро қарор гирифтааст.
Ҳамчунин, муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковник Абдусаттор Шоҳиён, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода, инчунин намояндагони мақомотҳои дигар бо маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои мухталиф: «Пешвои миллат - Асосгузори Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Паёми Пешво - дастури созанда ва роҳнамои афсарону сарбозон», «Нақши ҷавонон дар ҳимояи сарҳади давлатӣ», «Ташаккули Артиши миллӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ», «Нақши мақомоти корҳои дохилӣ дар пешгирии экстремизм ва терроризми байналмилалӣ» ва ғайраҳо баромад карданд. Дар анҷом як гурӯҳ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ бо сипосномаву ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
 
 

Илова кунед