ДАР ДУШАНБЕ ФЕСТИВАЛИ ГУЛЧИНИ СУРУДҲОИ ВАТАНДӮСТОНА ТАҲТИ УНВОНИ “СУРУДИ САРБОЗ” ДОИР ГАРДИД.

22 Феврали 2021, Душанбе

22.02.2021. ш. Душанбе. Ҳамасола бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ силсила чорабиниҳо, ба монанди Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона, фестивали дӯстии сарбозону афсарон, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, боздиди волидайн  аз қисмҳои ҳарбии ҳудуди кишвар, экскурсияи ҷавонони синни тодаъватӣ, конференсияҳои илмӣ – назариявӣ роҳандозӣ мегардад. Соли ҷорӣ низ дар пойтахт бо мақсади сазовор таҷлил намудани 28 – умин солгарди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои алоқаманди кишвар Рӯзи Артиши миллӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид. 

Дар ин замина дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар Кохи Суруши пойтахт Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Суруди сарбоз” бо иштироки доираи васеи сарбозону афсарон, ҳайати шахсии ҷузъу томҳои сохторҳои қудартӣ доир гардид. Дар Фестивал роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ иштирок карданд. Чорабиниро  муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ бо сухани ифтитоҳӣ ҳусни оғоз бахшида, аз номи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ раҳбарият, афсарону сарбозон ва кулли низомиёни сохторҳои қудратиро ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар самимона шодбош намуд.

Таъкид шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фароҳам овардани шароити хубу созгори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва зиндагии шоистаи хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ба ин соҳаи муҳими кишвар таваҷҷӯҳ ва ғамхории махсус зоҳир менамоянд, зеро Қувваҳои Мусаллаҳ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Гарчанде аз таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамагӣ 28 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо он роҳеро тай намудааст, ки ба садсолаҳо баробар мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон аз санҷишу имтиҳонҳои ҷиддии таърихӣ гузашта, қудрату тавоноии худро дар ҳифзи суботи ҷомеа ва амнияти давлат борҳо собит намудааст.

Артиши мо намунаи интизоми қатъӣ ва садоқат ба  Ватан аст.

Аз ҷониби баромадкунандагон бо қаноатмандӣ қайд шуд, ки имрӯзҳо хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дорои ҳисси баланди ватандустӣ, интизоми намунавӣ ва маҳорату малакаи ҳамаҷонибаи ҳарбӣ буда, бузургтарин вазифа - сулҳу Ваҳдат, ягонагӣ ва якпорчагии Ватани азизамонро таъмин менамоянд. Дар замони соҳибистиқлолӣ сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сол то сол зиёд гардида, дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии ҷузъу томҳо шароити хуби хизмат фароҳам оварда мешавад. 

Дар чорабинии мазкур ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ, ки дар доираи Фестивали дӯстии афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбию низомии пойтахт таҳти унвони “Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам”, ки рӯзҳои 17-22 феврали соли 2021 ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар баргузор гардида буд, аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳавасманд гардонида шуданд. Ҳамин тариқ,  мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои шоҳмот, гӯштини миллӣ, волейбол, футболи хурд, варзиши сабук байни сарбозону афсарон ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Инчунин ҳамаи иштирокчиёни фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстона таҳти унвони “Суруди сарбоз”, ки ҳайати онро сарбозону афсарон ва кормандони мақомоти қудратӣ ташкил медоданд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд. Дастовези таронаҳои ватандӯстона, ки тараннумгари Ватан-модар, ваҳдату Истиқлолият, дастовардҳои кишвар дар низоми қудратӣ аст, дар иҷрои сарбозону афсарон, ҳайати шахсии сохторҳои қудратӣ ва аҳли фарханги пойтахт идомабахши Фестивали гулчини сурудҳои ватандӯстонаи “Суруди сарбоз” гардид.

Илова кунед