Тоҷикӣ

ВОХӮРИИ СУДМАНД ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

06 Апрели 2021, Сешанбе

06.04.2021. ш. Душанбе. Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино мулоқоти гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо устодону шогирдони ин муассисаи олии кишвар баргузор гардид. Вохӯриро бо сухани ифтитоҳӣ намояндаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ҳусни оғоз бахшида, роҷеъ ба мақсаду маром ва ҳадафи суҳбату вохӯрии гурӯҳи таблиғотӣ андешаҳои хешро иброз намуд.
Сипас, риштаи сухан ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода дода шуд. Мавсума Муинзода дар суханронии хеш аз нуктаҳои дар Паёми Пешвои миллат ироагардида доир ба масъалаҳои муҳими ҳаёти рӯзмарра, ободониву сабзгардонӣ дар чаҳор навоҳии пойтахт, масъулиятшиносӣ дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии амалҳои исрофкорӣ, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, тарғиби ҳадафҳои арзишҳои миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, фарҳанги шаҳрнишинӣ, ҳифзи солимии инсон, рушду такомули кулли соҳоти пойтахт дар чанд соли охир, нақши Пешвои муаззами миллат ва Раиси шаҳрамон дар ободонию тараққии мамлакат ва пойтахти он, инчунин дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа суханронӣ намуданд. Масъулин ва ҳайати гурӯҳи таблиғотӣ атрофи масъалаҳои муҳими рӯзмарраи ҷомеа ва ҳадафу моҳияти Паёми Президенти кишвар сухан ронда, аз ҷумла зикр карданд, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ 30-юмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон, пешниҳод гардид ва Сарвари давлат аз ҷумла таъкид карданд, ки мо соли 2020 дар вазъияти мураккаби иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем. Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони тиб аз буҷети давлат 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуданд.
Зимни вохӯриву мулоқотҳо баробари матраҳи тамоми масоили мубрами ҷомеа инчунин, тамоми паҳлӯҳои Паём шарҳу тавзеҳ дода шуда, масъулину мутасаддиёни гурӯҳҳои таблиғотӣ аз иштирокчиёну сокинон даъват ба амал оварданд, ки дастуру супоришҳо ва маслиҳатҳои муфиди Сарвари давлатро сармашқи кору фаъолияти хеш қарор дода, дар пешрафти Тоҷикистони азиз, саҳмгузор бошанд.
 
 
 
 

Илова кунед