ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №186 АЗ 05.04.2021

05 Апрели 2021, Душанбе

Дар бораи ташкил ва баргузор намудани озмунҳои «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» ва «Беҳтарин ронанда»

Бо мақсади иҷрои банди 5-и нақша чорабиниҳо оид ба вусъат бахшидани хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 25 январи соли 2021, №27 тасдиқ шудааст, ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии кормандони соҳаи нақлиёти автомобилии мусофиркашонӣ, беҳтар намудани хизматрасонӣ ба сокинон ва меҳмонони пойтахт, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 20 Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ»

       ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» ва «Беҳтарин ронанда» бахшида ба Рузи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.
  2. Низомномаи озмуни «Беҳтарин корхонаи нақлиётӣ» ва «Беҳтарин ронанда» ҳайати комиссияи озмун ва харҷномаи баргузорӣ ва сарфарозгардонии ғолибони озмун тибқи замима-ҳои 1, 2, 3 ва 4 тасдиқ карда шавад.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва роҳбарони воҳидҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати дар сатҳи баланд ташкилу баргузор намудани озмунҳои номбурда тибқи низомномаи онҳо чораҳои муҳимро амалӣ созанд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе тибқи замимаи 3 пардохти маблағи 16 520 (шонздаҳ ҳазору панҷсаду бист) сомониро аз ҳисоби маблағҳои соҳаи «Наклиёт ва коммуникатсия» дар соли 2021 пешбинишуда ба муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шахри Душанбе самаранок амалӣ гардидани маблағи ҷудошударо таъмин намояд.
  6. Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

                                                                                                                                                                                                             РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ  

Илова кунед