ЭЪЛОН: СОХТМОНИ БОҒИ ҲАЙВОНОТ

21 Апрели 2021, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад, ки дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 14 декабри соли 2020 №643, дар бораи сохтмони Боғи ҳайвонот дар бурриши хиёбонҳои Рӯдакӣ ва Ҳофизи Шерозии ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар масоҳати 13 (сезндаҳ) гектар қитъаи замин ҷудо карда шудааст.

Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони ватаниву хориҷӣ метавонанд бо пешниҳоди лоиҳаҳои дахлдор ва ё дар асоси лоиҳаи таҳиягардида, сохтмони Боғи ҳайвонотро ҳамчун моликияти хусусӣ бунёд намоянд.  Иқдоми мазкур аз ҷониби Мақомот ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба телефонҳои 221-94-38, 221-27-19 занг занед.

 

Илова кунед