ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №219 АЗ 20.04.2021

20 Апрели 2021, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, рушду тавсеа, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 зикр гардиданд, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР МЕКУНАМ:

  1. Дар шаҳри Душанбе ҳамасола озмуни “Китобхонаи беҳтарин” дар сатҳи баланд ташкилу баргузор карда шавад.
  2. Низомнома, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни “Китобхонаи беҳтарин” тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои дар сатҳи баланд ташкилу баргузор гардидани озмуни мазкур чораҷӯӣ намоянд.
  4. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози озмуни “Китобхонаи беҳтарин” муқаррар гардида, доир ба ташкилу ҷамъбасти он якҷо бо сохторҳои дахлдор тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
  5. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои барои соҳаи фарҳанг пешбинишуда ба миқдори 108 620 (яксаду ҳашт ҳазору шашсаду бист) сомонӣ дар соли 2021 ҷудо карда, солҳои минбаъда низ миқдори маблағи заруриро дар буҷа пешбинӣ намояд.
  6. Раёсати фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истифодаи мақсадноки маблағи ҷудогардидаро таъмин намояд.
  7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи онро ҳамасола тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                                                                                                                                                                                                           РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

Илова кунед