ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №221 АЗ 22.04.2021

22 Апрели 2021, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони пойтахт, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо, ходимони илмӣ), калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони соҳаи фарҳангу санъат ва дигар қишрҳои аҳолии пойтахт) мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

ҚАРОР  МЕКУНАМ:

  1. Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе тибқи муқаррароти Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-43 тасдиқ гардидааст, баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.
  3. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои фарҳанг, кор бо занон ва оила, кор бо ҷавонон ва варзиш, шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” барои дар сатҳи баланд доир гардидани озмуни мазкур чораҷӯӣ намоянд.
  4. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе 1 445 000 (як миллиону чорсаду чилу панҷ ҳазор) сомонӣ дар соли 2021 ҷудо намояд.
  5. Бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе истифодаи мақсаднок ва пардохти маблағи ҷудогардидаро таъмин намояд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти баргузории озмуни мазкурро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

 РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

 

Илова кунед