ИФТИТОҲИ ИНШООТИ СОҲАИ САНОАТ ВА ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ПОЙТАХТ

27 Апрели 2021, Сешанбе

ш. Душанбе. 27.04.2021. Имрӯзҳо бо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ­ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусу тадбирандешиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ба пешравию дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва дар ин замина биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар партави ин сиёсати созандаву ободкорона, имрӯз бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур дар ҳудуди ин ноҳия ҶДММ «Мурғи покиза» мавриди истифода қарор гирифт. Ин корхонаи саноатӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар самти забҳи мурғ бо риояи қоидаҳои беҳдоштиву гигенӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст. Корхона бо хатҳои муосири технологӣ таъмин буда, он дар заминаи нақшачорабиниҳои 30-­сологии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Корхона дорои 4 сардхона мебошад, ки ҳар яке иқтидори ғунҷоиши 30 тонна гуштро доранд. Дар корхона имкони забҳи то 10 ҳазор сар парранда дар як рӯз мавҷуд мебошад. Зимини боздид аз фаъолияти корхона ба кормандони он аз ҷониби намояндагони сохторҳои масъули шаҳрӣ ҷиҳати сифатан беҳтар ба роҳ мондани фаъолият тавсияҳои муфид дода шуд. Дар заминаи истиқболи сазовор аз ҷашни 30­солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар суроғаи кӯчаи Садриддин Айнӣ 33 ва 34 бинои истиқоматии баландошёна бо ҷойгиронии маркази савдою хизматрасонӣ дар ошёнаҳои якум ва дуюми он мавриди баҳрабардорӣ қарор дорад, ки сокинон ҳоло аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур аз фаъолияти бино ва марказҳои савдою хизматрасонии он боздид намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани хизматарсонӣ ба аҳолӣ ба масъулин тавсияҳои муфид доданд. Дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Авитсена» сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматии иборат аз 3 қисм бо ҷойгиркунии марказҳои савдою хизматрасонӣ ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи он амалӣ шудааст. Ин маҷмааи бошукӯҳи биноҳои истиқоматӣ дар бурриши хиёбони Рӯдакӣ 9 ва кӯчаи Садриддин Айнӣ 29 сохта шудааст. Маҷмааи истиқоматии мавриди назар аз ду бинои 17 ошёна ва 1 бинои 24 ошёна иборат мебошад ва маҷмуан фарогири 295 хона аст. Бинои мазкур дар яке аз мавзеҳои зебои пойтахт бо тарҳи хос сохта шудааст ва зебоии ин гӯшаи шаҳрро бо шаҳомати хосааш таъмин намудааст. Дар заминаи тадбирҳои бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе, масъулини Маркази хизматрасонӣ ва фарҳангӣ воқеъ дар кучаи Садриддин Айнӣ 40 ҳам корҳои сохтониро тахқивият бахшида, азнавосзии биноро амалӣ намудаанд. Соҳибкорон нақша доранд, ки ба ин васила ба боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ноил гарданд. Ин тадбир имкон додаст, ки шаҳр боз ҳам зебо гардида, шароити беҳтари истиқомат ва кору фаъолият барои сокинон фароҳам шавад. Аз ҷониби ҶДММ «Суҳайб­2011» дар кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур бинои истиқоматии 7 ошёна сохта шудааст, ки он имрӯз бо иштироки намояндагони сохторҳои шаҳрӣ ба истифода супорида шуд. Ин бино аз 7 ошёна ва 44 хона иборат буда, дар онҳо шароити зарурӣ барои истиқомат фароҳам шудааст. Дар ошёнаи якуми бино барои ташкили маркази савдою хизматрасонӣ имкони мувофиқ мавҷуд аст.  Яке аз нишондодҳои нақшачорабиниҳои 30­солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ин бунёди нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, равғанҳои молиданӣ, гази моеъ, таъмир ва шустушӯи мошин, терминали мусофирбарӣ, хонаи истироҳатӣ ва ошхона дар ноҳияи Шоҳмансур мебошад. Иншоот зери унвони «Шарқ транс» бунёд шудааст ва дар он шароити зарурӣ фароҳам аст. Намояндагони сохторҳои марбута аз фаъолияти ин маҷмааи хизматрасонӣ дидан намуда, бо имкониятҳои он шинос шуданд. Маҷмуан иншооти баистифодадодашуда имкон фароҳам намуд, ки ҷойҳои зиёди корӣ ташкил шуда, сокинон бо шуғли муносиб таъмин ва сатҳу сифати хизматрасонӣ беҳтар гардад. Ҷойи таъкид аст, ки ин ҳама ободкориву созандагӣ дар асоси нақшачорабиниҳои шаҳрдорӣ ва дастуру супоришҳои бевоситаи Раиси шаҳри Дуашнбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба миён омадааст ва ин раванд ба таври муттасил идома дорад.

 

Илова кунед