ВОХӮРӢ БО УСТОДОНУ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ АГРАРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР
ш. Душанбе 27.04.2021. Имрӯз дар толори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур вохӯрии гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо донишҷӯёну устодони ин муассисаи олии кишвар оид ба омӯзиши муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Дар оғози вохӯрӣ ректори Донишгоҳи давлатии аграрии Тоҷикистон Маҳмадёрзода У. М. суханронӣ намуда, доир ба мақсаду маром ва ҳадафи суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ ибрози назар карданд.
Дар мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Ф. Солеҳов, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Ш. Раҳимзода, директори МД «Телевизиони Душанбе» С. Рауфзода, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Д. Ҷамшед иштирок доштанд.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ муфассал бобати ободониву созандагӣ, тарғиби ҳадафҳои арзишманди миллию маънавӣ, одобу ахлоқи ҳамида, худшиносиву худогоҳӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба пешрафти ҷомеа андешаронӣ намуд.
Зикр карда шуд, ки мардуми кишвар дар арафаи таҷлили 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Моро мебояд, ки ин санаи муҳимро бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва оромиву осудагии кишвар пешвоз бигирем.
Дар баробари бо мисолҳои мушаххас ёдовар гардидани пешрафтҳои солҳои охири ҳамдиёрон дар қиёс бо солҳои қаблӣ, зикр гардид, ки имрӯз мамлакати мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пойтахти муаззами он - шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаааст.
Бунёди биноҳои муҳташам ва муассисаҳои зиёди таълимӣ, таъсиси корхонаҳои зиёди саноатӣ, роҳу ҷодаҳои ҷавобгӯй ба меёрҳои байналхалқӣ ва дигар дастовардҳои солҳои охир ин ҳама нишондиҳандаи пешравии мамлакат аст, гуфта шуд дар мулоқот. Муваффақиятҳое,
баромадкунандаг