БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОН
ш.Душанбе. 16.05.2021. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Дави миллӣ баргузор гардид.
Дар Дави миллӣ зиёда аз 43 810 (чилу се ҳазору ҳашсаду даҳ) нафар одамони касбу кори гуногун аз вазорату кумитаҳо, идораву муаасисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд, ки аз ин шумора 16 310 (шонздаҳ ҳазору сесаду даҳ) нафарашонро занону бонувон ташкид медиҳад.
Дар оғози чорабини мазкур муовини якуми раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳаётзода Фирдавс ва раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло дар назди ширкаткунандагони мусобиқа суханронӣ карда, аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста нисбат ба рушди соҳаи варзиш зоҳир менамоянд ва дар фароҳамсозии шароити мусоид барои ҷавонон саҳми беандоза мегузоранд, изҳори миннатдорӣ карданд. Зикр гардид, ки Дави миллӣ бо ташаббуси Пешвои миллат шурӯъ аз соли 2007 ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир мегардад, ки сол аз сол шумораи иштирокчиёни он меафзояд.
Бояд зикр кард, ки ҳамасола бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш дар саросари мамлакат Дави миллӣ ва дигар мусобиқаҳои варзишӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор карда мешавад.
Дави миллӣ соати 8:00 аз собиқ дидбонгоҳи Чорбоғ шурӯъ шуда, дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид.
Ба иштирокдорони фаъоли Дави миллӣ аз ҷониби намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифтихорномаву дипломҳо тақдим карда шуд.