ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ КӮДАКОН

01 Июни 2021, Сешанбе

ш. Душанбе. 01.06.2021. Дар «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон чорабинии бошукӯҳи фарҳангию фароғатӣ таҳти унвони «Кӯдакон ояндаи моянд» баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 майи соли 2021, таҳти №304 тасдиқ гардидааст, ташкил ва гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва кӯдакону наврасон, ки дар маҷмӯъ 1500 нафарро ташкил медоданд, ширкат варзиданд.
Ба ин муносибат «Боғи кӯдакон»-и шаҳри Душанбе бо лавҳаю навиштаҷоти ифодакунандаи таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон оро ёфта, дар даромадгоҳи он иширокчиёни чорабиниро наврасони соҳибистеъдод бо навозиши дафу сурнаю карнай ва рақсу бозӣ истиқбол гирифтанд. Иштирокдорони ҷамъомади идона баъди дидани расмҳои дар рӯйи сафолакҳо кашидаи кӯдакон вориди «Боғи кӯдакон» гардида, дар гӯшаҳои гуногуни он бо амали бачаҳои, ки ба бозиҳои гуногуни варзишӣ-футболи хурд, тенниси рӯйи миз, шашкаю шоҳмот ва бозиҳои зеҳнӣ - викторинаҳо, аксияи китобхонии «Биёед, китоб мехонем», расмкашӣ ва ғайра машғул буданд, аз наздик дидан намуданд.
Ин ҷо ҳамчунин намоиши маҳсули эҷоди кӯдакону наврасони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ноҳияҳои пойтахт ва шаҳри Душанбе таҳти унвони «Душанбе–шаҳри орзуҳо» ба маъраз гузошта шуда буд.
Сипас, қисмати расмии чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ дар амфитеатри «Боғи кӯдакон» идома ёфт.
Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ба ҳозирин ироа намуда, таъкид намуданд, ки кӯдакон на танҳо маънибахши ҳаёту зиндагӣ, балки умед барои бунёди фардои рахшанда мебошанд.
Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро гулҳои зиндагӣ маънидод намуда, баҳри парвариши ин навниҳолакони табиати инсонӣ ва қишри фардосози ҷомеъа таваҷҷуҳи рӯзафзун медиҳанд. Дар ин росто, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баҳри таъмини дастрасии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти босифат, ҳифзи тандурустиву барқарорсозии саломатӣ ва бо мақсади рушди ҷисмонӣ ва фароғату роҳати онҳо шароити созгорро фароҳам оварда, барои дастгирӣ ва ҳавасманднамоии наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод пайваста як қатор озмуну фестивал ва мусобиқаву чорабиниҳои фарҳангиву маърифатиро бо иштироки бевоситаи кӯдакон доир менамояд.
Сипас аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъи тантанавӣ ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли озмуну мусобиқаҳои зеҳнию маърифатӣ ва варзишӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, диплому ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар фарҷом ба иштирокчиёни чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангию фароғатии идона таҳти унвони «Кӯдакон дунёи моянд», ки аз тарафи кӯдакону наврасони соҳибҳунару соҳибистеъдод-таълимгирандагони марказҳои эҷодии кӯдакону наврасон ва ансамблҳои кӯдакона омода гардида буд, пешниҳод карда шуд.
Воқеан давоми солҳои охир пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе ба шаҳри имконоти рушди кӯдакон табдил ёфта, дар он ташаббусҳои неку созанда баҳри рушду такомули зеҳниву ҷисмонии кӯдакони кишвар амалӣ карда мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед