ҶАЛАСАИ КОРИИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19
23 Июни 2021, Чоршанбе
ш. Душанбе. 23.06.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати пурзӯр намудани чораҳои зарурӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 бо муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияи пойтахт, сохторҳои дахлдор ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, инчунин бо иштироки роҳбарони аввали бархе аз Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд.
Дар ҷаласа масъалаи иҷрои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ ва вазъи имрӯзаи пешгирӣ аз бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе, пурзӯр намудани тадбирҳои саривақтӣ барои пешгирӣ аз ин беморӣ, махсусан эмгузаронии сокинони пойтахт, амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни сокинон, назорати қатъии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва корҳои безараргардонӣ дар пойтахт мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳбарони сохтору ниҳодҳои дахлдор дастур доданд, ки бо ба роҳ мондани гардиши хона ба хона баҳри амалӣ намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва эмгузаронӣ миёни сокинону меҳмонони пойтахт, бахусус дар муассисаҳои томактабӣ, тандурустӣ, боғҳои фарҳангу фароғатӣ, театр, кинотеатр, марказҳои савдо, бозорҳои истеъмолӣ, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва дигар ҷойҳои ҷаъмиятӣ ҳангоми гузаронидани тӯй, маъракаҳо чораҳои қатъиро амалӣ намуда, баҳри риояи меъёрҳои беҳдоштӣ, фосилаи иҷтимоӣ ва чораҳои безараргардонӣ тадбирҳои судманд роҳандозӣ карда шавад.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки аз роҳбароини тамоми нуқтаҳои хизматрасонӣ риояи меъёрҳои беҳдоштиро қатъиян назорат намоянд.
Бахусус сохторҳои тандурустӣ вазифадор гардиданд, ки маъракаи эмгузаронии пурраи сокинони шаҳрро бар зиддӣ бемории сироятии COVID-19 пӯрзур намуда, барои омодагӣ ва таъминоти беморхонаҳо бо доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.
Ҳамчунин, сохторҳои дахлдори шаҳр муваззаф гардиданд, ки дар ҳаммоҳангӣ ҷиҳати аз ташхис гузаронидан ва ба карантин фаро гирифтани шахсоне, ки аз хориҷа ба ҷумҳурӣ ворид мегарданд, чораҳои амалӣ андешида, дар ҳамкори бо корхонаҳо ҳаҷми истеҳсоли маводҳои безараргардониву беҳдоштиро тақвият бахшанд.
Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ супориш доданд, ки бо мақсади иҷрои саривақтии корҳо, дар назди Раёсати тандурустии шаҳр гурӯҳи корӣ таъсис дода, аз натиҷаи иҷрои корҳо дар ин самт ҳамарӯза ба Раиси шаҳр ахборот манзур намоянд.